Ибрози ризоят аз созу кори молии Иттиҳоди Аврупо бо Эрон
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз раванди созу кори молии Иттиҳоди Аврупо бо Эрон барои костан аз таъсири таҳримҳои Амрико, ибрози ризоят кард.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишаст бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи иқдомоти ҷиддии аврупоиҳо ва созу кори молии онҳо пас аз иҷроӣ шудани таҳримҳои Амрико зидди Эрон гуфт, ин созу корҳо ба хубӣ пеш меравад.
Қосимӣ дар бораи бозгашти таҳримҳои Амрико ва иқдомҳо барои беасарсозии он низ гуфт, ин кори Амрико як навъ худ таҳримӣ аст, зеро ин кишвар тамоми муоҳидоти байналмилалиро зери по мегузорад ва аз саргирии таҳримҳои Эрон нишон дод, ки Вашингтон наметавонд бо созу корҳои байналмилалӣ, кор кунад ва дар инзиво қарор гирифтааст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, бо таваҷҷуҳ ба ҳамроҳӣ накардани бисёре аз кишварҳо бо Амрико, таҳримҳои ҷадид чизе ҷуз ҷанги равонӣ нест ва бо як сабри роҳбурдӣ, метавон бо созукорҳои пешбинӣ шуда ва ҳамкорӣ бо соири давлатҳо, таҳримҳои якҷонибаро хунсо кард.
Қосимӣ таъкид кард, дар моҳҳои ахир бо вуҷуди суханпроканиҳои Амрико, давлатмардони ин кишвар ба ин натиҷа расидаанд, ки қулдурмобиҳо(зургӯиҳо) бар бозори энержӣ асар намегузорад ва муофият аз таҳрим барои бархе кишварҳо ҳокӣ аз таъдил шудани мавзеи Вашингтон аст.