Нопадид шудани муовини Мавлоно Самиъулҳақ аз замони қатли ӯ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39423-Нопадид_шудани_муовини_Мавлоно_Самиъулҳақ_аз_замони_қатли_ӯ
Расонаҳои покистонӣ аз нопадид шудани муовини раиси собиқи Ҳизби ҷамъияти уламои исломи шохаи Самиъулҳақ хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 13, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
  • Нопадид шудани муовини Мавлоно Самиъулҳақ аз замони қатли ӯ

Расонаҳои покистонӣ аз нопадид шудани муовини раиси собиқи Ҳизби ҷамъияти уламои исломи шохаи Самиъулҳақ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСНИМ, Аҳмадулҳақ фарзанди Мавлоно Самиъулҳақ гуфтааст, аз рӯзе, ки падараш ба қатл расида, Аҳмадшоҳ Акура муовини Ҳизби Ҷамъияти уламои исломи Покистон низ нопадид шудааст.

Аҳмадулҳақ аз эҳтимоли нақш доштани созмонҳои иттилоотӣ ва амниятии Покистон дар нопадид шудани Аҳмадшоҳ Акура муовини Ҳизби ҷамъияти уламои исломи Покистон хабар дод.

Ин дар ҳоле аст, ки пулиси Покистон боздошти Аҳмадшоҳ Акура муовини Ҳизби ҷамъияти уламои исломи Покистонро барои бозҷӯӣ аз ӯ рад ва эълом кард, неруҳои амниятӣ дар нопадид шудани муовини Ҳизби ҷамъияти уламои ислом нақше надоранд.

Пас аз қатли Мавлоно Самиъулҳақ раиси собиқи Ҳизби ҷамъияти уламои исломи Покистон баъзе манобеи хабарӣ аз эҳтимоли даст доштани мақомоти режими Оли Сауд дар он хабар дода буданд.

Мавлоно Самиъулҳақ ду рӯз қабл аз қатлаш дар Ровалпинди ба зарби корди афроди ношинос, аз сиёсатҳои таҷовузкоронаи Ибни Салмон валиаҳди Арабистон зидди мардуми Яман интиқод карда буд.