Ноябр 17, 2018 21:23 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Ироқ бо қудрат муқобили душманон биистад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар дидори Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд, муҳимтарин роҳи ғалаба бар мушкилот ва муқобила бо тавтеаҳои бадхоҳон, ҳифзи иттиҳоди миллӣ дар Ироқ аст ва Шумо бояд муқобили душманони "Ироқ қудратманд ва ором" бо қудрат биистед.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ибрози хурсандӣ аз баргузории муваффақиятомези интихоботи парлумонӣ дар Ироқ гуфтанд, акнун ки миллати Ироқ баъд аз давронҳои истибдодӣ соҳиби кишвар аст ва истиқлол, ҳаққи раъй ва интихоб дорад, бархе давлату кишварҳои бадхоҳ ба дунболи он ҳастанд, то мардуми Ироқ таъми ин пирӯзӣ ва дастоварди бузургро начашанд ва Ироқу минтақа рӯйи оромишро набинанд. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, танҳо роҳи муқобила бо ин тавтеаҳо ҳифзу тақвияти иттиҳод миёни гурӯҳҳои ироқӣ, ҳам аз араб, курд, шиа ва суннӣ аст.

Эшон шинохти дақиқ ва саҳеҳи дӯст ва душманро дар сиёсати хориҷӣ бисёр муҳим арзёбӣ ва хотирнишон карданд, бархе давлатҳо дар минтақа ва дар хориҷ аз минтақа ба шиддат нисбат ба Ислом,  шиа ва суннӣ ва Ироқ буғзу кина доранд ва дар умури дохилии Ироқ дахолат мекунанд, ки бояд дар баробари онҳо бо қудрат истод ва дар хусуси истодагӣ дар баробари душмани вақеҳ ва сареҳ ба ҳеҷ ваҷҳ мулоҳиза накард.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо баёни ин ки "масъулони ҷумҳурии исломӣ барои густариши ҳамкорӣ бо Ироқ бисёр мусаммам ва маҳкам ҳастанд ва ман ҳам ба ин мавзӯъ амиқан мӯътақидам", афзуданд: "Ироқи азиз қавӣ, мустақил ва пешрафта барои Эрон бисёр муфид аст ва мо дар канори бародарони ироқии худ хоҳем буд". Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳузури беш аз ду миллион зоири эронӣ дар роҳпаймоии "Арбаин"-и имсол хотирнишон карданд, дилҳои ҳамаи зоирони эронӣ баъд аз бозгашт лабрез аз ташаккур аз меҳмоннавозии мардуми Ироқ буд ва ин нишонгари бузургвории ҳаддиаксарии ироқиҳо дар мизбонӣ аз зоирони эронӣ аст.

Раисиҷумҳури Ироқ ҳам дидор бо Раҳбари муаззам Инқилоби Исломиро ифтихори бузург дониста гуфт, авомил ва аносири пайванддиҳандаи ду миллати Эрону Ироқ реша дар таърих дорад ва ғайриқобили тағйир аст.