Ноябр 23, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Фаъолони иқтисодии Италия мусаммам ба ҳимоят аз БАРҶОМ ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт: Ҳамаи фаъолони иқтисодии Италия мусаммам ба ҳимоят аз БАРҶОМ ва манофеи иқтисодии Эрон ҳастанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи ҷумъа дар сафҳаи худ дар Твиттер, навишт: Бо вазири умури хорҷаи Италия дар ҳошияи гуфтугӯҳои Медитаронаӣ 2018 дидор кардам ва равобити дуҷониба ва талошҳои сулҳ дар Яман, Сурия ва Либияро баррасӣ кардем.

Ба навиштаи вазири хориҷаи Эрон, дар дидор бо гурӯҳи бузурге аз тоҷирони италияии муштоқ ба ҳамкорӣ бо Эрон, онҳо ба хотири зургӯии Амрико озурда, аммо мусаммам буданд аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак муҳофизат кунанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар Иҷлоси солонаи гуфтугӯҳои Медитаронаӣ, чаҳоршанбешаб вориди Рум пойтахти Италия шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар нишасти гуфтугӯҳои Медитаронаӣ дар Рум дар вокуниш ба талоши амрикоиҳо барои ба роҳ андохтани даври ҷадиде аз музокироти ҳастаӣ бо Эрон гуфт: БАРҶОМ тавофуқи хубе аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, дигар дар хусуси барномаи атомии худ, бо Амрико музокира намекунад.

 

Барчасп