Ноябр 26, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • 553 захмӣ дар пайи вуқӯи заминларза дар ғарби Эрон

Заминларзаи 6,4-дараҷаӣ дар шаҳри Сарипули Заҳоб, дар устони Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) 553 захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, ин заминларза соати бисту ҳафт дақиқа (20:07) ва сию як сонияи рӯзи якшанбе дар умқи 7-километрии замин рух дод. Конуни ин заминларза дар 128-километрии Кирмоншоҳ гузориш шудааст. Заминларза ҳамзамон дар устонҳои Наҷаф, Карбало, Арбил ва Восити Ироқ низ эҳсос шуд. Ҳамакнун 18 тими Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар манотиқи зилзилазада мустақар ҳастанд ва кӯчонидани изтирории мардуми зилзилҳзада аз соатҳои аввали зилзила оғоз шудааст. Бемористонҳои саҳроӣ ҳам дар манотиқи зилзилазада мустақар шудааст ва нерӯҳои довталаб ба минтақа эъзом шудаанд.

Ноябри соли 2017 ҳам заминларзае ба бузургии 7,3 дараҷаи Рихтер манотиқи мухталифи ғарби Эрон, бавижа шаҳри Сарипули Заҳоб ва ҳамчунин манотиқи шарқи Ироқро ларзонд. Бар асари он заминларза дар Эрон беш аз 600 нафар ҷон бохтанду наздик ба 12 ҳазор нафар низ масдум шуданд.

 

Барчасп