Ноябр 26, 2018 15:28 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин корхонаи тавлиди доруҳои зидди сартони ғарби Осиё дар Эрон

Бузургтарин корхонаи тавлиди доруҳои зидди саратони ғарби Осиё бо вуҷуди таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон имрӯз дар Караҷ (ғарби Теҳрон) ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, бо таваҷҷуҳ ба таҳрими Эрон тавассути Амрико ва эҳтимоли бурузи мушкил барои таъмини доруҳои беморони хос, саратонӣ, MS ва бемориҳои дигар як ширкати дорусозии эронӣ тавонист доруҳои беморони саратон ва MS-ро бо кайфияти боло тавлид кунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8-уми майи соли 2018 ба таври якҷониба хурӯҷи кишварашро аз БарҶОМ эълом кард ва дар ду марҳала таҳримҳои ҳастаиро зидди Эрон бозгардонд. Ин таҳримҳо ба таври мустақим мардуми Эронро ҳадаф қарор медиҳад ва ҳар гуна фарофикании амрикоиҳо дар ин замина талош барои тавҷеҳи афкори умум аст.

Девони байналмилалии додгустарӣ сеюми октябр бо эъломи салоҳияти расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрико раъй ба лағви таҳримҳои доруӣ, ғизоӣ, башардӯстона ва ҳавоии Амрико зидди Эрон дод.

 

Барчасп