Зариф: Замони оштии миллӣ дар Афғонистон фарорасида аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39809-Зариф_Замони_оштии_миллӣ_дар_Афғонистон_фарорасида_аст
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, замони оштии миллӣ ва роҳи ҳалли сиёсии фарогир дар Афғонистон фаро расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 28, 2018 15:47 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Замони оштии миллӣ дар Афғонистон фарорасида аст

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, замони оштии миллӣ ва роҳи ҳалли сиёсии фарогир дар Афғонистон фаро расидааст.

Ба гузориши идораи кулли дипломосии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси байналмилалии Афғонистон дар Женева, омодагии Теҳронро барои кумак ба мардум ва давлати Афғонистон ба манзури таҳаққуқи сулҳ дар ин кишвар эълом кард.

Зариф афзуд, роҳи ҳалли низомӣ дар Афғонистон роҳ ба ҷое набурда ва ҳама бояд бо овардани Толибон бар сари мизи музокира бо давлати Афғонистон, барои гуфтугӯҳои ҷомеъ ва фарогир дар ин кишвар талош кунанд.

Вай гуфт, дастовардҳои мардуми Афғонистон тайи дудаҳаи гузашта, бавижа тадвини Қонуни асосӣ ва ҳаракат дар масири демократия, пояҳои сулҳу суботро дар ин кишвар фароҳам кардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки ҳузури нерӯҳои хориҷӣ ҳаргиз дар минтақаи ғарби Осиё, субот эҷод накарда ва заминаро низ барои ҷазби ифротгароён фароҳам кардааст, афзуд, аз чолишҳои тоза, ҳузури ДИИШ дар Афғонистон аст, ки мунҷар ба хунрезии бештар шуд.

Зариф таъкид кард, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ҳамвора дар Афғонистон ҳамдигарро тақвият кардаанд, лизо барои муқобила бо таҳдиди маводи мухаддир ба роҳбурди ҷомеъӣ, ки шомили тавсеаи иқтисодӣ дар ин кишвар бошад, ниёз аст.

Конфронси байналмилалии Афғонистон рӯзи сешанбе (27 ноябр) бо ҳузури мақомоти олирутбаи беш аз 60 кишвар ба мизбонии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева оғоз ба кор кард ва рӯзм чаҳоршанбе поён меёбад.