Декабр 02, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
  • Сафири Австрия: Эрон аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон аст

Сафири Австрия дар Теҳрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон аст.

Штефан Шулз, Сафири Австрия дар Эрон дар дидори Саиди Шоҳрухӣ, устондори Ҳамадони ғарби Эрон, афзуд: Австрия ба унвони раиси давраии Иттиҳодияи Аврупо хоҳони густариши ҳамкориҳои ҳарчи беҳтар бо Эрон аст.  

Шулз тасреҳ кард: Равобити Эрон ва Австрия қидмати 700 сола дорад ва дар ин байн Ҳамадон нақши меҳварӣ дар иртиботи 2 кишвар доштааст.

Ин шаҳр, пештар 27 то 29 августи 2018 низ мизбони Конфронси байналмилалии “Ҳамадон пойтахти гардишгарии Осиё” ACD буд.  

Шаҳри Ҳамадон, 12 то 15 ноябри имсол, мизбони вазирони гардишгарии 34 кишвари осиёӣ ва беш аз 500 узви вобаста ба Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ буд.

Ҳамадон соли 2018 ба унвони пойтахти гардишгарии Осиё интихоб шуд.

 

Барчасп