Сентябр 13, 2016 11:22 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи байналмилалии ғизои Маскав бо ҳузури Эрон кушоиш ёфт

Намоишгоҳи байналмилалии ғизои Русия рӯзи душанбе бо ҳузури 1500 ширкат аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маркази намоишгоҳи ин санъат дар Маскав оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, дар биступанҷумин намоишгоҳи солонаи Маскав, ки чаҳор рӯз идома дорад, 43 ширкати эронӣ дар бахшҳои ғизоӣ, шилотӣ (ғизо аз навъи моҳиҳо) ва маҳсулоти ширӣ ҳузур доранд.

Бар асоси барномаҳои эъломшуда, ҳайатҳое аз кишварҳои Осиёи Миёна, аврупоӣ ва осиёӣ низ афзун бар ҳузур дар намоишгоҳ, нишастҳои музокиротиро бо тарафҳои ширкаткунанда ва ҳамчунин намояндагони ширкатҳои эронӣ барои мушорикат дар бозаргонӣ, содирот ва мубодилаи коло тадорук дидаанд.

Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории ин намоишгоҳ, ки дар салонҳои зиёди Маҷмӯаи намоишгоҳии санъати ғизоии Маскав барпо шудааст, ҳайатҳое аз Созмони тавсеа ва тиҷорат, Ҷиҳоди кишоварзӣ ва созмонҳои бозаргонии Эрон ҳузур хоҳанд ёфт.

Дар ҳошияи баргузории ин намоишгоҳ низ рӯзи чаҳоршанбе 93 ширкати эронӣ ва русӣ дар бахшҳои ғизоӣ ва бозаргонӣ бо ҳадафи мушорикат дар иҷрои нақшаи роҳи тавсеаи равобити иқтисодии ду кишвар дар Маскав нишасти муштарак баргузор мекунанд.

Гуфтанӣ аст, соли 2014 арзиши иқтисодии равобити ду кишвари Эрон ва Русия ба ҳудуди як миллиарду 700 миллион доллар расид, ки соли 2015 ҳудуди 30 дарсад рушд кард ва бар асоси оморҳои тоза эъломшуда, дар шашмоҳаи аввали соли ҷории мелодӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2015, ҳудуди 69 дарсад бештар шудааст.

 

Барчасп