Декабр 06, 2018 16:51 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ дар шаҳристони Чобаҳори Эрон

Фармондеҳи нерӯи заминии сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ҷузъиёти ҳамлаи интиҳории имрӯз дар шаҳристони Чобаҳори устони Систон ва Балучистонро шарҳ дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, генерал Муҳаммади Покпур гуфт, соати 9:55 субҳ имрӯз (панҷ‍шанбе) ронандаи як худрав бо мошини худ, ки бо бомб ва мавод тарканда таҷҳиз шуда буд, ба мақари фармондеҳии нерӯи интизомии Чобаҳор ҳамла кард.

Вай хабарҳо дар бораи шаҳид шудани фармондеҳи интизомии Чобаҳор дар ин амалиёти террористиро такзиб кард ва гуфт, аслан худрави интиҳорӣ натавониста ба мақари фармондеҳии интизомии Чобаҳор ворид шавад.

Пулиси Эрон низ бо интишори баёнияе эълом кард, дар ин ҳамлаи террористӣ, ду нафар аз маъмурони пулис, ки монеи вуруди худрави бомбагузори шуда ба мақари нерӯи интизомӣ шуда буданд, ба шаҳодат расиданд ва омили интиҳорӣ низ бо мунфаҷир кардани худ ба ҳалокат расид.

Як манбаи огоҳ, ду шаҳиди ин ҳодисаи террористиро лейтинант дувум Дорюши Ранҷбар ва сарбози қатори Носири Дарзода муаррифӣ кард.

Ба гуфтаи мудири маркази фавриятҳои пизишкии Донишкадаи улуми пизишкии Эрон шаҳр, дар ин ҳодиса 28 нафар низ захмӣ шуданд, ки гуфта мешавад ҳоли се нафар аз маҷрӯҳон ногувор аст.

Гурӯҳаки террористии мавсум ба Ансор ул-Фурқон масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп