Декабр 06, 2018 19:18 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Чин бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин бори дигар бо таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон мухолифат кард.

Ба гузориши ИРНА, Geng Shuang рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ дар Пекин таъкид кард, Чин бо таҳримҳои Амрико зидди кишварҳои дигар аз ҷумла Эрон, ки хориҷ аз чорчӯби Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид вазъ карда, мухолиф аст.

Сухангӯи вазири умури хориҷаи Чин афзуд, Пекин қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милал дар иртибот бо таҳримҳоро ҳамвора, риоят карда ва ба он пойбанд будааст.

Вай ҳамчунин дар вокуниш ба дастгирии яке аз мудирони аршади ширкати фанноварии “Huawei”-и Чин дар Канада ба далели ончӣ нақзи таҳримҳои Вашингтон зидди Эрон унвон шудааст, афзуд, фаъолияти ин ширкат бо қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ мутобиқат дорад.

Пулиси Канада хонум Мэн Ванҷоу (Wenzhou Mang) аз аъзои ҳайати раисаи ширкати “Huawei”-ро ду рӯз пеш ба баҳонаи иттиҳом дар мавриди «нақзи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон» ба дархости Вашингтон боздошт кард.

Ширкати фанноварии “Huawei”-и Чин низ дар баёнияе боздошти яке аз мудирони аршади ин ширкат дар Канада ба дархости Амрико, ба далели ончӣ нақзи таҳримҳои Вашингтон зидди Эрон унвон шудаастро, ғайриқонунӣ донист ва эълом кард, ин мудири “Huawei” ҳеҷ иштибоҳ ва тахаллуфе муртакиб нашудааст.

Дар баёнияи ширкати фанноварии “Huawei” омадааст, ин ширкат мунтабиқ бо қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ фаъолият мекунад.

 

Барчасп