Эрон чиҳилсол пас аз инқилоб;истодагӣ дар баробари Амрико
Амрико тайи чиҳилсоли гузашта аз ҳеҷ иқдоми хасмонае алайҳи Эрон руйгардон набудааст; таи беш аз ним қарн мавориди мутаъаддиде аз дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими Амрико дар корҳои Эронро таъид мекунад.
Изҳороти беарзиш ва таҳдидҳои пай дар паи мақомоҳои Амрико аз гузашта, то имрӯз санаде рушан дар ин заминааст, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин душманӣ, инқилоби исломӣ ҳамчунон пирӯз ва сарбаланд аст.
Миллати Эрон барои расидан ба ҳадафҳо ва ормонҳои худ, дар баробари фишорҳо истод ва бо таҳаммули фишорҳо дар чиҳил соли гузашта ба улгуе барои миллатҳои озодихоҳ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон табдил шуд.
Мақоми муъаззами раҳбарӣ дар маросими таҳлиф ва эътои сардушии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон фармуданд:
"Мо ба амрикоиҳо бадбин ҳастем ва ҳеҷ эътимоде ба онон надорем, давлати Амрико ғайри қобили эътимод, худбартарбин, ғайримантиқӣ ва аҳдшикан аст ва давлате дар тасарруфи шабакаи саҳюнизми байналмиллалӣ аст, ки ба хотири саҳюнистҳо маҷбур аст бо режими ғосиб нармӣ нишон диҳанд..."
Аммо далели ин беэътимодӣ чист?
Таърих мегуяд, таи беш аз ним қарн аз қабл аз инқилоб (ҳарҷое, ки миллати Эрон хостори ҳаққи қонунии хеш буданд) сангандозӣ ва тавтеъа ва тахриб ва барандозӣ ва иқдомоти хасмона аз ҷониби Амрико вуҷуд доштааст:
- Тарроҳии кудатои 28-уми мурдоди соли 1332
- Таҳмили қонуни капитулосиюн ва таҳқири миллати Эрон
- Ҳамлаи низомӣ ба Табас
-Тарроҳии кудатои Нужа
- Таҳмили таҳримҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба Эрон
- Таҳрик ва пуштибонии ҳамаҷонибаи режими Саддом Ҳусейн дар Ироқ ва шуруъи ҷанги 8 солаи таҳмилӣ алайҳи Эрон
-Инҳидоми ҳавопаймои мусофирбарии Эрон бо 290 мусофир
-Созмондиҳӣ ва ҳимоят ва пуштибонӣ аз неруҳои зидди инқилоб ҷиҳати ноамнӣ ва зарба задан ба амният ва бо ҳадафи барандозии низом
-Фазосозӣ ва тахриб ва дуруғгӯӣ дар мавриди инқилоби исломии Эрон аз тариқи расонаҳо ва таблиғоти суъ (нораво)
-Тавқифи амвол, дороиҳо ва таҷҳизоти низомӣ, ки пеш аз инқилоб харидоришуда
-Иҷрои фишор ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар ҷиҳати мумониъат аз фаолиятҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Эрон
-Эҷод ва ҳимоят аз гуруҳҳои такфирӣ ва террористӣ дар ҷиҳати ноамн кардани минтақа ва зарба ва муқобила бо Эрони исломӣ ва махдуш ҷилва додани чеҳраи Ислом
Амрико, омили кудатои 28 мурдод
Сиёсатҳои зиддиэронии Амрико аз солҳои оғозини даҳаи 1950 яъне дар замоне, ки кудатои 28 мурдод анҷом шуд, токунун дар чанд марҳила боз тарроҳӣ шудааст.
Пас аз гузашти 60 сол аз сарнагунии давлати Мусаддиқ, Созмони иттилооти марказии иёлоти муттаҳида (CIA), дар таърихи 28 мурдоди 1392 (августи 2013) бо хориҷ кардани асноде аз табақабандии маҳрамона ба нақши худ дар ин кудато эътироф кард.
Дар асноде, ки аз табақабандии маҳрамона хориҷ шудаанд, ирҷооте ба рамзи Ожокс (рамзи амалиёти амрикоиҳо дар кудатои 28 мурдод) вуҷуд дорад.
Ин санадҳо аз ҷумла шомили парвандаҳои кории "Кирмит Руузвелт" маъмури иттилоотии аршади амрико дар Ховари миёна ва Эрон, ки дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба кудато дар Теҳрон ба сар мебарад низ ҳастанд.
Асноде, ки дар бораи ин кудато солҳо баъд, аз сӯи Созмони ҷосусии Амрико ва Англия таҳти унвони аснод аз табақабандӣ хориҷ шуда, мунташир шуд нишон дод, ки Амрико дар кудатои 28 мурдод ҳадафҳои баландмуддатеро барои истимрори нуфузи худ дар минтақа дар назар дошт.
Бархе назарияпардозон изҳор кардаанд, ки ангезаи аслӣ аз тарроҳии кудато дар Эрон фароҳам кардани заминаи тасбити манофеъи ширкатҳои нафти амрикоӣ дар Эрон будааст.
Руузвелт дар инбора мегуяд:
"Кудатои Эрон нахустин амалиёти махфӣ алайҳи як давлати хориҷӣ буд, ки ба василаи "CIA" дар моҳҳои охири ҳукумати Труман танзим шуда буд."
Воковии санадҳои кудатои 28 мурдод нишон медиҳад, ки Амрико ҳеҷгоҳ тамоюл надоштааст, ки Эрон ба унвони кишваре мустақил монеъ аз пешравии сиёсатҳои султаҷӯёнаи Амрико дар минтақа шавад.
Ба ҳамин иллат иқдомоти хасмонаи Амрико алайҳи Эрон бо тағироте дар чанд даҳаи ахир вориди бозиҳои байналмиллалӣ шуд ва дар чорчуби мавзуъоте монанди мавзӯъи ҳастаӣ ва илқои Эронҳаросӣ бо ҳадафи мунзависозии Эрон тарроҳӣ гардид.