Декабр 18, 2018 15:24 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони Шӯрои барномарезии ЭКО

Бистунуҳумин нишасти Шӯрои барномарезии минтақаии ЭКО бо ҳадафи банақшагирии сиёсатҳо ва роҳбурдҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) бо ҳузури намояндагон ва коршиносони кишварҳои узв, рӯзи душанбе дар Теҳрон оғоз шуд.

Дар ин иҷлоси чаҳоррӯза кумитаҳои тахассусии ЭКО, ки дорои авлавияти ҳамкорӣ ва мудириятҳои хадамотӣ ҳастанд, фаъолиятҳои мухталифи созмони ЭКО-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

ЭКО (Economic Cooperation Organization) як созмони иқтисодии минтақаӣ аст, ки дар соли 1985 аз сӯйи Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис шуд.

ЭКО дар соли 1992 ҳафт кишвари минтақа, аз ҷумла Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро ба узвият пазируфт. Бо пайвастани аъзои ҷадид ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ авлавиятбандии аҳдофи миёнамуддат ва баландмуддат барои фаъолияти ин созмон дар дастури кори даҳ кишвари узв қарор гирифт.

Бар ин асос, барномаи ЭКО барои соли ҷадид иртиқои ҳамкории минтақаӣ ва рафтан ба самти иқтисод ва тавсеаи мунсаҷимтар дар минтақа аст. Дар чорчӯби ин ҳадаф, тавсеа ва тақвияти ҳавзаи ҳамлу нақл яке аз барномаҳои аслӣ ва муҳими Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ аст.

Яке аз далоили аҳамият ва густариши ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл миёни кишварҳои узв, набуди имкони дастрасии ҳудуди ҳафт кишвари узв ба дарёи озод аст. Эҳдоси хати роҳи оҳан аз Эрон ба Туркманистон аз тариқи Сарахс ва дар натиҷа иттисоли хутути роҳи оҳани Эрон ва Туркия ба Осиёи Марказӣ ва бунёди хати оҳани Алмаато ба Теҳрон дар посух ба ин ниёз будааст.

Иттисоли роҳҳои иртиботии ЭКО, ки шомили 5 каридори роҳи оҳан ва 2 каридори бузургроҳӣ аст, ки ниёз ба сармоягузорӣ дорад ва бояд дар масирҳои асосӣ монанди масири Алмаато ба Бандар - Аббос ва Исломобод ба Теҳрон сармоягузорӣ шавад. Илова бар ин тавсеа, каридори Шимол - Ҷануб низ проекти иртиботии муҳими дигаре аст, ки такмили он мунҷар ба равнақи каридори Шарқ - Ғарб низ хоҳад шуд.

Эрон ба далели доштани марзи заминӣ ва дарёӣ бо кишварҳои узв ва доро будани мазиятҳои ҷуғрофиёӣ барои барқарории иттисол ба обҳои байналмилалӣ, аз мавқеияти меҳварӣ дар ин созмон бархурдор аст. Дар воқеъ нақши Эрон барои амалӣ шудани аҳдофи тиҷорӣ ва иқтисодии муштарак дар ҷуғрофиёи ЭКО дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст.

Ҳаҷми тиҷорат байни аъзои ЭКО ҳамакнун 60 миллиард доллар дар сол аст.

Ҳодӣ Султонпур, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар ҳошияи нишасти Шӯрои барномарезии минтақаии ЭКО бо ироаи оморе аз фаъолиятҳои тиҷории ЭКО гуфт, ҳамакнун 7,7 дарсади ҳаҷми тиҷорати дунё дар дасти кишварҳои узви ЭКО қарор дорад.

Мутобиқи барномарезии ЭКО, интизор меравад, ки ин ҳаҷм аз мубодилот то соли 2025 ба 120 миллиард доллар афзоиш ёбад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, иқдомоте монанди коҳиши таъруфа, афзоиши сармоягузорӣ , додани сабукиҳои бонкӣ ва арзӣ барои ҳамкории бахши хусусии кишварҳо ва иттисоли бозорҳои молӣ ба якдигар аз мавориде аст, ки дар ЭКО бояд иҷро шавад.

Нӯзар Шафеӣ, коршиноси масоили байналмилал бо таваҷҷуҳ ба дабирикуллии Эрон бар созмони ЭКО то соли 2020 ва фароҳам шудани заминаи таомули бештар бо кишварҳои узви ин созмон, ба зарурати мубодилоти арзӣ байни кишварҳои узв ишора мекунад ва муътақид аст, ки ин идея метавонад ба унвони як мавзӯи асосӣ матраҳ шавад. Албатта расидан ба як тавофуқ дар ин замина ниёз ба ангезаҳои сиёсӣ ва баррасии масоили фаннӣ ва иқтисодӣ дорад.

Дар нишасти Шӯрои барномарезии минтақаии ЭКО дар Теҳрон, маханизмҳои куллии барномаҳо дар шаш ҳавзаи тиҷорат, ҳамлу нақл, гардишгарӣ, санъат ва маъдан, тавсеаи иқтисодӣ ва тавсеаи пойдор мушаххас мешавад. Аз ин рӯ, аҳамияти тасмимоти ин шӯроро бояд дар сатҳи ҳамкориҳои роҳбурдии иқтисодӣ дар созмони ЭКО арзёбӣ кард.