Генерал Сафавӣ: Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ хатое стратегӣ муртакиб шудааст
(last modified 2018-12-19T12:24:51+00:00 )
Декабр 19, 2018 17:24 Asia/Dushanbe
  • Генерал Сафавӣ: Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ хатое стратегӣ муртакиб шудааст

Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон гуфт: Раисҷумҳури Амрико бо хуруҷ аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хатое стратегӣ муртакиб шудааст.  

Генерал Саидяҳё Раҳими Сафавӣ, дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон афзуд: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо таҳрики саҳюнистҳо, авомили мунофиқ дар ин кишвар ва бархе кишварҳои минтақа аз БАРҶОМ хориҷ шуд.  

Генерал Раҳими Сафавӣ бо баёни инки инқилоби исломии Эрон ба дигар кишварҳо дарси муқовимат дод, тасреҳ кард: Режими саҳюнистӣ ва террористҳо тавони муқобила бо меҳвари муқовиматро надоранд.

 

Барчасп