Декабр 20, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории панҷумин нишасти Шӯрои олии равобити Эрон ва Туркия дар Анкара

Панҷумин ҷаласаи Шӯрои олии равобити роҳбурдии Эрон ва Туркия ба раёсати Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва бо ширкати теъдоде аз вазирони ду кишвар дар Анкара баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, панҷумин нишасти Шӯрои олии равобити роҳбурдии Эрон ва Туркия имрӯз панҷшанбе пас аз истиқболи расмии Ҳасани Руҳонӣ дар Кохи раёсатҷумҳурии Туркия аз сӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ҳамтои туркии вай ва музокироти дуҷонибаи раисони ҷумҳури ду кишвар, баргузор шуд.

Раисони ҷумҳури ду кишвар қарор аст, баъд аз имзои асноди мухталиф як конфронс матбуоти муштарак баргузор ва меҳварҳои музокирот ва низ дидгоҳҳои худ дар заминаҳои мухталифро баён кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳоршанбе шаб ба даъвати расмии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва барои ширкат дар панҷумин нишасти Шӯрои роҳбурдии ду кишвар, вориди Анкара шуд.

Имзои чанд санади ҳамкории дуҷониба дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳузур дар ҳамоиши иқтисодӣ тиҷории Эрон ва Туркия ва нишасти хабарӣ бо асҳоби расона, муҳиммтарин барномаҳои сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Туркия эълом шудааст.

 

Барчасп