Оғози размоиши “Паёмбари Аъзам (с) 12” дар ҷануби Эрон
Размоиши “Паёмбари Аъзам (с) 12” бо паёми сулҳ ва бо рамзи “Ё расулуллоҳ (с) дар ҷазираи Қишм (ҷануби Эрон) оғоз шуд.
Сардори сартипи посдор Муҳаммад Покпур, фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи шанбе гуфт, размоиши “Паёмбари Аъзам (с) 12”, ки бо шиори намоиши иқтидор ва амнияти пойдор дар сояи ваҳдати миллӣ ва зарфиятсозиҳои навини дифоӣ дар сатҳи роҳбурдӣ баргузор мешавад, дифоӣ будааст ва мутаносиб бо таҳдидоти эҳтимолии душманон иҷро мешавад.
Сартип Покпур афзуд, дар ин размоиш ягонҳои вокуниши сареъ, нерӯи махсус ва таковарӣ, паҳподҳои размӣ ва шиносоӣ, болгардҳои ҳуҷумӣ, таробарӣ ва боррез, ҷангол, механиза, воҳидҳои муҳандисӣ ва тахриб, системҳои контрол ва фармондеҳӣ ва нови типи “Зулфиқор” –и минтақаи якуми Нерӯи дарёии сипоҳи посдорон ҳузур доранд.
Фармондеҳи Нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тағйири рӯйкард дар размоишҳо аз вазъияти дифоӣ ба таҳоҷумӣ, амалиёти бозпасгирии босуръат ва оташи пурҳаҷм барои дифоъ аз ҷазоир, тамрини тарҳҳои таҳоҷумии вижа барои тасарруфи савоҳил ва инҳидоми таъсисот ва зерсохтҳои душманро аз аҳдофи баргузории ин размоиш унвон кард.
Сартип Покпур ҳамчунин бо таъкид бар ин ки Эрони исломӣ барои ҳеҷ кишваре таҳдид нест, гуфт, дар сурате, ки душманон нияти бад дошта бошанд, Эрон дар баробари онҳо бо тамоми тавон ва зарфият хоҳад истод.