Эрон чиҳил сол пас аз инқилоб; истодагӣ дар баробари Амрико
Пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар 22-уми баҳмани соли 1357 рухдоди бузурге буд, ки чеҳраи Ховари Миёна ва ғарби Осиёро тағйир дод ва дасти Амрикои ҷаҳонхорро барои ҳамеша аз Эрон кутоҳ кард.
Эрон то пеш аз инқилоб таҳти ҳукумати Муҳаммадризошоҳи Паҳлавӣ, ки дастнишондаи Амрико буд, зери султаи ин қарор дошт, ки бо ҳадафи ғорати манобеъи иқтисодӣ ва геополотик ба истисмори ғарб даромада буд.
Манобеъи нафтии Эронро ширкатҳои хориҷӣ истихроҷ ва истисмор мекарданд. Аз сафорати Амрико дар Теҳрон ба унвони як пойгоҳ барои анҷоми амалиёти ҷосусӣ истифода мешуд. Ҳамонтавр ки "Ҷимӣ Картер" раиси ҷумҳури вақти Амрико гуфта буд ба Эрон ба унвони "ҷазирае ором дар баҳре муталотим" нигоҳ мешуд.
Ин воқеъиятҳо бахше аз мусоҳибаи Фил Вилайто аз раҳбарони зиддиҷанг дар Амрико ва сардабири нашрияи Вирҷиния Дефендер дар бораи инқилоби исломӣ ва решаҳои хусуматварзии деринаи Амрико бо миллати Эрон аст.
Воқеъият ин аст, ки Эрон қабл ва пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ бо тавтеъаҳои гуногуне аз ҷонби Амрико ру ба ру шуд. Амрико таи беш аз ним қарн мудохила ва хусуматварзӣ ба Эрон садама задааст ва акнун низ талош мекунад бо абзори таҳрим ва таҳдид ва мавзеъгириҳое аз ҷойгоҳи ба заъми худ бартар, руҳияи миллати Эронро тазъиф кунанд ва Эронро аз идомаи роҳи пешрафт ва истиқлол боздорад.
Давлатмардони Амрико аз нахустин рӯзҳои таъсиси Ҷумҳурии исломии Эрон, барандозии онро ба унвони яе ҳадафи стратегӣ дар дастури кори худ додаанд.
Изҳороти Борак Обама дар мусоҳиба бо рӯзномаи Нию-Йорк Таймз дар 15-уми июл эътироф ба ҳамин воқеъияти таърихӣ аст.
Борак Обама дар он мусоҳиба гуфт:" ... агар нигоҳе ба таърихи Эрон биандозед воқеъият ин аст, ки мо дар сарнагун кардани ҳукумати мунтахаби демократ дар Эрон ба наҳве даст доштем. Мо дар гузашта аз Саддом Ҳусайн ҳимоят кардем, он ҳам замонеки медонистем вай аз силоҳҳои химиявӣ дар ҷанг бо Эрон истифода карда ва дар натиҷаи онҳо нигарониҳои амниятӣ ва ривояти худро доранд.
Нуам Чомски забоншинос, таҳлилгар ва аз саршиностарин донишманди қарни бистум дар мусоҳибае бо хабарнигори Нейшн зимни, ташриҳи решаҳои душмании Амрико бо Эрон дар бораи иллали хусуматварзии Амрико алайҳи Эрон мегуяд: " .... сарони Амрико ва таҳлилгарони расонаҳо дар ин кишвар аз дербоз Эронро кишваре бисёр хатарнок ва шояд хатарноктарин кишвари кураи замин муъаррифӣ кардаанд ва ин марбут ба қаблтар аз Трамп аст.
Чомски дар баёни далелҳои аслии хусуматварзии Амрико бо Эрон бо лаҳне таънаомез мегуяд: "гуноҳи нобахшудании Эрон ин аст, ки диктатореро сарнагун кард, ки Амрико дар соли 1953 бо кудатои низомӣ онро руи кор оварда буд; кудатое, ки низоми парлумонии Эрон ва бовари ноҳаққи ин кишвар барои тамаллуки манобеъи табиъии худашро нобуд кард. Дунё печидатар аз он аст, ки падидаҳояшро битавон ба содагӣ ташреҳ кард, аммо ба назари ман решаи моҷаро дар ин аст."
Чомски муътақид аст:"яке аз доктринаҳои аслӣ дар равобити байналмиллал, ки дар китобҳои назарияҳо матраҳт намешавад, доктринаи мафияӣ аст. Масоили байналмиллалӣ бисёр монанди мафия идора мешавад. Падархонда (Амрико) ҳеҷ навъ нофармониеро таҳаммул намекунад."