Декабр 24, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи аввали Эрон дар суръати рушди тавлидоти илмии ҷаҳон

Вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон рутбаи 16 тавлиди илм ва рутбаи аввали суръати рушди тавлидот илмиро дар ҷаҳон доро аст.

Мансури Ғуломӣ, вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон имрӯз (душанбе) дар маросими ифтитоҳияи нуздаҳумин намоишгоҳи дастовардҳои пажӯҳиш ва фанноварӣ ва фанни бозор дар Теҳрон, афзуд, кишварҳои Чин ва Русия дар рушди тавлидоти илмӣ пас аз Эрон қарор доранд.

Ғуломӣ бо ишора ба зарфиятҳои илмии донишгоҳҳои Эрон тасреҳ кард, бархе аз донишгоҳҳои Эрон дар баъзе аз риштаҳои тахассусӣ, аз донишгоҳҳои бартари ҷаҳон ҳастанд.

Нуздаҳумин намоишгоҳи дастовардҳои пажӯҳиш, фанноварӣ ва фанни бозор имрӯз (душанбе) дар Теҳрон, оғоз ба кор кард ва то рӯзи панҷшанбе идома дорад.

 

Барчасп