Декабр 29, 2018 11:14 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Куштори мардуми мазлуми Баҳрайн фавран мутаваққиф шавад

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал дидори оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олии шиаёни Ироқ ва шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайнро дорои паёми ҷиддӣ ба ҳукумати оли Халифа донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Дидори оятуллоҳ  Систонӣ ва шайх Исо Қосим дар Наҷафи Ашраф дорои паёми муҳим, равшан ва созанда барои кишварҳои минтақа ва паёми ҷиддӣ ба ҳукумати оли Халифа аст.

Амирабдуллоҳиён изҳор дошт, бояд саркӯб ва куштори мардуми мазлуми Баҳрайн ва хушхидматии ҳукумати Баҳрайн ба саҳюнистҳо фавран мутаваққиф шавад.

Ҷамъияти миллии Алвифоқи Баҳрайн эълом кард, дар дидори рӯзи ҷумъаи оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олии шиаёни Ироқ ва шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн, тарафайн дар бораи муҳимтарин масоили минтақа ва ҷаҳони Ислом гуфтугӯ карданд.

Шайх Исо Қосими 78 сола, ки аз маҳбубияти густурдае дар миёни шиаёни Баҳрайн бархурдор аст, рӯзи панҷшанбе пас аз 50 сол вориди Наҷафи Ашрафи Ироқ шуд ва ба зиёрати ҳарами ҳазрати Алӣ (а) рафт.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп