Декабр 30, 2018 14:31 Asia/Dushanbe
  • Як мақоми низомии Эрон: тавони шикасти истикбор дар арсаҳои мухталифро дорем

Ҷонишини фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Эрони исломӣ нишон дод, ки тавон ва зарфияти шикасти истиқбори ҷаҳониро дар арсаҳои мухталиф дорад.

Ба нақл аз ИРНО, сардор сартиби посдорон "Ҳусейни Саломӣ" ҷонишини фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар маросими бузургдошти нуҳуми дай  (30-уми декабр) дар Теҳрон афзуд: пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар 22 баҳмани 1357 (11 феврали 1979) зарбае ҷуброннопазир ба Амрико зад ва бо суқути шоҳ зилзилае бар истикбор ворид кард, ки ҳамчунон Амрико ва муттаҳидони ӯро ранҷ медиҳад ва ин нахустин шикасти ошкори Амрико буд, ки ба исми миллати Эрон сабт шуд.

Ҷонишини фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тасреҳ кард: Тасхири лонаи ҷосусии Амрико дар Теҳрон низ тири халос ба ҳузури сиёсии Амрико дар ҷумҳурии исломии Эрон буд, ки инқилобе бузургтар аз инқилоби аввал ном гирифт.

Сардор Саломӣ гуфт: Пирӯзии шигифтангез дар як ҷанги нобаробар аз дигар намоишҳои қудрати Эрон буд, ки дар ҷанги таҳмилӣ сутуни истикборро шикаст.

Ҷонишини фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: мардуми бузурги Эрон дар нуҳуми дай 1388 (30 декабри 2009) низ ҳамчун хуршеде фурузон дар таърихи ин кишвар ҳамоса офариданд, ки ба унвони як рӯзи хотираангез дар таърихи ин миллат медарахшад.

Нуҳуми дайи соли 1388 ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бироат аз сохторшиканони ҷомеъа ва посухе котеъ ба унсурҳои фитнагарӣ буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсат ҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Роҳпаймоии бузургдошти нуҳуми дай имрӯз бо ҳузури густардаи миллати инқилобӣ ва бо басирати Эрон дар саросари Эрон баргузор шуд.