Баргузории Ҳамоиши “Сулҳ аз назаргоҳи Мавлоно” дар Теҳрон
Ҳаштумин Ҳамоиши меҳри Мавлоно бо мавзуи “Сулҳ аз назаргоҳи Мавлоно” бо ҳузури ҷамъе аз мавлавипажуҳон ва ирфонпажуҳон аз кишварҳои Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон ва Туркия дар Теҳрон баргузор шуд.
Доктор Эраҷи Ризоӣ, мавлонопажуҳ ба унвони нахустин суханрони ин ҳамоиш, ки дар салони ҳамоишҳои Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд, гуфт: “Дар ҷаҳони шитобноки имрӯз, ки аз ҳарсӯ нодонӣ ва хушунат сар задааст, осор ва андешаҳои Мавлоно Ҷалолиддин бо иноят ба ниёзҳои инсони имрӯз, ки яқинан асоситарини онҳо сулҳ аст, метавонад бисёр роҳгушо бошад ва уфули тасоҳулро то ҳадди чашмгире коҳиш диҳад”.
Вай дар идома афзуд: Паёми Мавлоно қарнҳо ин аст, ки агар ҳатто ҷаҳонро торикӣ фаро гирифт, ту чароғи худро ҳар чанд камфуруғ барафрӯз.
Дар идома Амири Акрамӣ, мақолаи “Касратгароии динии Мавлоно, заминасози сулҳи ҷаҳонӣ” ва пас аз ӯ низ Шукуфа Акбарзода аз Афғонистон мақолаи “Мавлоно ва таҳлили стратегияи сулҳ”-ро ироа доданд.
Хонуми Акбарзода дар мақолаи худ бо истифода аз дидгоҳҳои Мавлоно роҳкорҳое барои эҷоди сулҳ дар Афғонистон матраҳ намуд.
Дар Ҳамоиши “Сулҳ аз назаргоҳи Мавлоно” Ҳамидрзо Таваккулӣ, пажуҳишгари адабиёти форсӣ бо унвон “Мавлоно, аз ҷанг то сулҳ, аз сурат то маънӣ” барои ҳозирон сухан гуфт.
“Ҳамзистии мусолиматомез ва зарурати сулҳ дар андешаи сулҳ” унвони суханронии Сарурасо Рафеъзода -пажуҳишгари афғонистонизабон ва адабиёти форсӣ- буд.
Сипас Аднан Қара Исмоил Уғлу, устоди забони форсӣ ва мудири гурӯҳи забонҳо ва адабиёти шарқии донишгоҳи Қариққалъаи Туркия бо унвон “Мабоҳисе перомуни мафоҳими меҳр ва муҳаббат дар маснавии маънавӣ” суҳбат кард.
Дар идомаи ин маросим низ Мустафо Маликиён, устоди фалсафа ва ирфон дар як паёми видеоӣ дар иртибот бо мавзуи “Сулҳи дарун ва сулҳи берун аз назаргоҳи Мавлоно” суханониро ироа кард.