Соли Нави милодӣ муборак!
(last modified Tue, 01 Jan 2019 05:40:13 GMT )
Январ 01, 2019 10:40 Asia/Dushanbe
  • Соли Нави милодӣ муборак!

Имрӯз, сешанбе, аввали январи соли 2019, оғоз соли нави милодӣ аст.

Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табрики Соли Нави милодӣ ба ҳама масеҳиёни ҷаҳон, бавижа масеҳиёни Эрон соли пурбаракати тавъам бо оромишу сулҳро дар густараи ҷаҳон орзу мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳур ва дигар мақомоти ҷумҳурии исломӣ дар паёмҳое ба сарон, мақомот ва миллатҳои кишварҳои масеҳӣ, оғози соли ҷадиди милодиро табрик гуфта, саломатӣ ва сулҳро барои ҳама, бавижа масеҳиён орзу кардаанд.

Дар шаби 31-уми декабри ҳар сол, охирин рӯзи соли милодӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон маросими ҷашни Соли Нав баргузор мешавад.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а) аз паёмбарони бузурги илоҳӣ аст, ки дар Қуръони карим мавриди такрими бисёр қарор гирифтааст. Қуръони карим дар оёти мутааддид ба муаррифии Масеҳ (а) ва ҷойгоҳи эшон ба унвони яке аз паёмбарони соҳиби китобу шариат мепардозад.