Муваффақияти нави донишмандони Эрон дар тарроҳии сӯхти 20 дарсад
Раиси Созмони энержии атомии Эрон аз муваффақияти донишмандони ҳастаии Эрон дар тарроҳии сӯхти модерни 20 дарсад хабар дод.
Алиакбари Солеҳӣ раиси Созмони энержии атомии Эрон бо баёни ин ки Эрон бар дониши ҳастаӣ тасаллути комил пайдо кардааст, тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломӣ дар дониш ва санъати ҳастаӣ он қадар пешрафт кардааст, ки ба ҷойи муҳандисии маъкус ва истифода аз тарроҳии дигарон, сӯхти ҷадид тарроҳӣ мекунад, ки дастоварди бузург аст.
Раиси Созмони энержии атомии Эрон афзуд: Реактори ҳастаии Теҳрон, ки то кунун бо сӯхти қадим кор мекард, бо сӯхти 20 дарсади ҷадиди сохти мутахассисони эронӣ ва мутобиқ бо сӯхтҳои пешрафта оғоз ба кор карда, ки сабаби афзоиши баҳраварии реактор низ шудааст.
Солеҳӣ бо эъломи ин ки таъмини сӯхт ва сохти утоқи назорат аз гулӯгоҳҳои аслии реактор аст, афзуд: Акнун тарроҳии реактор барои мутахассисони эронӣ, мумкин шудааст.
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Аз дигар дастовардҳои бузурги ҳастаии Эрон, илова бар сохти таҷҳизот, бумӣ шудани дониши санъати ҳастаӣ аст, ки зимни мустанадсозӣ, формулаҳои илмии он низ ба сурати нармафзорӣ даромадааст ва пас аз ростиозмоӣ, барои тарроҳиҳои ҷадид истифода хоҳад шуд.