Январ 14, 2019 12:17 Asia/Dushanbe

Як ҳавопаймои борбарӣ субҳи имрӯз (душанбе) дар Зебодашти Караҷ (ғарби Теҳрон) дучор сониҳа шуд.

Ҳавопаймои “Боинг 707” борбарӣ, ки аз Бишкеки Қазоқистон озими фурудгоҳи Паёми Караҷ буд, ба иштибоҳ дар Зебодашт ба замин нишаст ва халабон натавонист ҳавопайморо рӯи бонд, контрол кунад.

Манобеи хабарӣ ба хабаргузории Форс гуфтанд, ин ҳавопаймо мутааллиқ ба нерӯи ҳавоии артиш будааст.

Ин ҳавопаймои борбарӣ дорои маҳмулаи гӯшт аз Қирғизистон будааст.

Холидӣ, сухангӯи ожонс ба хабарнигори Форс эълом кард, ин парвоз даҳ хадама доштааст ва як болгард, як автобуси ёрии таъҷилӣ ва 10 адад мошини ёрии таъҷилӣ ба минтақаи ҳодиса эъзом шудаанд.