Идомаи бархурди мубҳами мақомоти амрикоӣ дар моҷарои боздошти муҷрии Пресс Тиви
Фарзандони муҷрии боздоштшудаи шабакаи муҷрии Пресс Тиви дар Амрико, бидуни ҳеҷ тавзеҳе ба додгоҳи ин кишвар эҳзор шуданд.
Ҳусайни Ҳошимӣ, фарзанди Марзияи Ҳошимӣ муҷрии боздоштшудаи шабакаи Пресс Тиви гуфт, ки бародар ва хоҳараш барои шаҳодат додан муқобили ҳайъати мунсифаи додгоҳ эҳзор шудаанд, аммо иттилое аз мавзуъ надоранд.
Ҳусайни Ҳошимӣ афзуд, ки ба ӯ гуфта шудааст, модараш ба унвони шоҳид мутталеъ (material witness) боздошт шуда, аммо хонуми Ҳошимӣ дар зиндон ба сар мебарад ва барои ӯ коди зиндонӣ дар назар гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Ҳусайни Ҳошимӣ, модараш якшанбе, ҳангоми азимат аз Сент-Луис ба Денвер боздошт шудааст.
Ҳусайн афзуд, ки хонуми Ҳошимӣ дар Сент-Луис мустанадеро дар бораи ҷунбиши сиёҳпустони амрикоӣ забт кардааст.