Имзои тумори интернетӣ барои таҳрими нишасти зиддиэронии Полша
(last modified Thu, 17 Jan 2019 13:43:46 GMT )
Январ 17, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Имзои тумори интернетӣ барои таҳрими нишасти зиддиэронии Полша

Се ҳазор фаъоли зидди ҷанг дар Амрико ва дигар кишварҳо бо имзои тумор(нома)-и интернетӣ, аз кишварҳои аврупоӣ хостанд, нишасти зиддиэронии Полшаро таҳрим кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, баъд аз иддаои Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико дар бораи ҳузури беш аз 70 кишвари мухталиф дар нишасти зиддиэронӣ дар Полша, фаъолони зидди ҷанг дар Амрико ва дигар кишварҳо, тумореро дар вебгоҳи гурӯҳи ғайридавлатии зидди ҷанги “Codepink” имзо карда ва аз кишварҳои аврупоӣ хостаанд, ки ба корзори Помпео алайҳи Теҳрон напайванданд.

Дар ин тумор, ки токунун ҳудуд се ҳазор имзоро аз-они худ карда, бо таъкид бар иборати «сулҳ бо Эрон» аз кишварҳои аврупоӣ хоста шудааст, то нишасти зиддиэрони Амрикоро, ки қарор аст 13 ва 14 феврал дар Полша баргузор шавад, таҳрим кунанд.

Дар ин тумор омадааст: “Ҳадаф аз ин конфронс, муҳайё кардани замина барои даргирии ғайризарурӣ бо Эрон аст, ҳол он ки бояд ба ҷои муқобила бо Эрон, ба Амрико барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) фишор овард ва аз ин кишвар хост, то таҳримҳо алайҳи Эронро лағв кунад”.

Имзокунандагони ин тумор, ки аз чеҳраҳои саршиноси иҷтимоӣ, донишгоҳӣ ва сиёсии Амрико ҳастанд, аз Иттиҳоди Аврупо хостаанд, то нишасти зиддиэронии Полшаро таҳрим ва ба ҷои он, нишасти дигаре бо мавзӯи масоили Ховари Миёна ва бо ҳузури тамоми кишварҳои минтақа аз ҷумла Эрон, мизбонӣ кунад.