Посухи Эрон ба таҳримҳои Амрико: Пештозӣ дар арсаҳои илмӣ
(last modified Sat, 19 Jan 2019 11:36:39 GMT )
Январ 19, 2019 16:36 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрон ба таҳримҳои Амрико: Пештозӣ дар арсаҳои илмӣ

Дар ҳоле, ки Амрико ва расонаҳои таблиғотии ғарб мудом аз ҷанбаҳои мухарриб ва таъсироти манфии таҳримҳои ғарб мегӯянд, ҳаракати рӯ ба ҷилав ва пешрафтҳои рӯзафзуни Эрон дар арсаҳои мухталиф ва бавижа дар арсаҳои илмӣ, тасвири дигареро аз Эрон ва таҳримҳои Амрико нишон медиҳад.  

Эрон дар 40 соли гузашта тақрибан дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла илмӣ ва фанноварӣ таҳти фишор ва таҳримҳои золимонаи Амрико ва Аврупо будааст, аммо бо вуҷуди таҳримҳо, дар заминаҳои илмӣ ва бумисозии дониш ва фанноварии навин пешрафтҳои зиёде доштааст.

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, сарпарасти пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом, ISC мегӯяд: Бар асоси охирин арзёбиҳо, ки дар сатҳи байналмилалӣ анҷом шуда, Эрон бо 19 баробар рушд аз назари саҳми тавлидоти илмӣ нисбат ба қабл аз пирӯзии инқилоби исломӣ (1979) дар ҷойгоҳи шонздаҳуми ҷаҳон қарор гирифтааст.  

Ба таври мисол Эрон дар бахши илми нано, ҷузъи 10 кишвари бартари ҷаҳон, илми генетик дар сатҳи аввали минтақа ва 16 ҷаҳон ва дар арсаи улуми ҳавофазо рутбаи нахусти минтақа ва 15 ҷаҳонро дорад.  

Профессор Франческо Фередрика Накарла ахиран дар ҳошияи баргузории Конгресси байналмилалии қалби бемористони Разавӣ, ки дар шаҳри Машҳад баргузор шуд, изҳор кард: Кишварҳои аврупоӣ тамоюли зиёде доранд, ки дар заминаи пизишкӣ бо Эрон иртибот дошта бошанд ва ин мавзуъ нишон медиҳад, ки таҳрим‎ҳо наметавонад монеи пешрафти илмии ин кишвар шавад.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ноябри гузашта дар остонаи 13 обон, рӯзи миллии мубориза бо истикбор, дар дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзон ва донишҷӯён бо ишора ба шикасти шайтони бузург дар таҳаққуқи ҳадафи аслии тавтеаҳои 40 соли ахири он яъне бозгашт ба сайтараи даврони режими ситамшоҳӣ дар Эрон таъкид карданд: Уфули Амрико ба воқеияте мавриди иҷмои соҳибназарони муътабари ҷаҳон табдил шуда, аммо дар сӯи дигари ин чолиш, миллати Эрон бо ангеза, рӯҳия ва кору талоши ҷавонони азизаш, ояндае дурахшон ва ба маротиб беҳтарро дар пеш дорад.  

Бояд дар ин масир бо ҷиддият пеш рафт, ҳарчанд, ки ин масир душвориҳо ва мухолифоне ҳам дошта бошад.