Январ 24, 2019 11:15 Asia/Dushanbe
  • Марзияи Ҳошимӣ аз боздошти давлати Амрико озод шуд

Сарпарасти дафтари ҳифозат аз манофеи Эрон дар Амрико гуфт: Марзияи Ҳошимӣ, муҷрии Пресс Тиви, ки чанде пеш ҳангоми вуруд ба ин кишвар боздошт гардид, озод шуд.

Маҳдии Отифат, сарпарасти дафтари ҳифозат аз манофеи Эрон дар Вашингтон бомдоди панҷшанбе дар гуфтугӯ бо Ирно гуфт: Муҷри Пресс Тиви баъд аз зуҳри чаҳоршанбе ба вақти Амрико аз боздошти давлати Амрико озод шудааст.

Маҳдии Отифат афзуд: Дафтари ҳифозат аз манофеи Эрон дар Амрико аз ибтидои боздошти хонуми Марзияи Ҳошимӣ ба таври ҷиддӣ пайгириҳои ҳуқуқиро дунбол кард ва бо марокизи муртабит дар тамос буд.

Сарпарасти дафтари ҳифозат аз манофеи Эрон таъкид кард: Бар асоси эъломи мақомоти полиси федерали Амрико ҳеҷ иттиҳоме мутаваҷҷеҳи хонуми Марзияи Ҳошимӣ нест ва ӯ фақат ба унвони шоҳид боздошт шуда буд, аз ин рӯ пешбинӣ мешавад, ки вай чаҳоршанбе пас аз ҷаласаи шаҳодат дар додгоҳ озод шавад.

Вай ҳамчунин таъкид кард: Пайгириҳои ҷунбиши уммати ислом дар Амрико ва таҷаммуъҳое, ки дар Вашингтон баргузор шуд, дар озодии хабарнигори Пресс Тиви муассир будааст.

Марзияи Ҳошимӣ, муҷрӣ, хабарнигор, мустанадсоз ва гуяндаи амрикоитабори шабакаи Пресс Тиви 13 январ бидуни ҳеҷ далеле дар фурудгоҳи Сент-Луиси Амрико боздошт ва ба зиндон мунтақил шуд.

 

Барчасп