Ҳушдори хатиби ҷумъаи Теҳрон дар бораи ҳуҷуми душманон барои эҷоди фасод ва инҳироф
(last modified 2019-01-25T13:34:16+00:00 )
Январ 25, 2019 18:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори хатиби ҷумъаи Теҳрон дар бораи ҳуҷуми душманон барои эҷоди фасод ва инҳироф

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Душман дар давраи кунунӣ бо ҳамаи тавон ба ҷанг омадааст ва мардум ва масъулон бояд дар муқобили шабакаҳои маҷозӣ, ки ҳуҷуми ҷамъиро барои эҷоди фасоди ақидатӣ ба роҳ андохтаанд, ҳушёр бошанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Саддиқӣ имоми ҷумъаи муваққат дар хутбаҳои имрӯзи Теҳрон ҳамчунин бо баёни ин ки дунё дар ҳоли ҷанги иқтисодӣ бо мост, афзуд: Масъулон бо барномарезии дақиқ ва саҳеҳ барои ҳалли мушкилоти иқтисодии мардум қадам бардоранд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар бахши дигаре аз хутбаҳои намози ҷумъа зимни гиромидошти чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ тасреҳ кард: Мардум барои байъат бо ормонҳои Имом Хумайнӣ (раҳ), шаҳидон ва таҷдиди байъат бо мақоми муаззами Раҳбарӣ, бо тамоми тавон рӯзи 22 баҳман дар роҳпаймоӣ ширкат кунанд.