Марзия Ҳошимӣ: FBI бо ман монанди як барда рафтор кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41227-Марзия_Ҳошимӣ_fbi_бо_ман_монанди_як_барда_рафтор_кард
Марзия Ҳошимӣ, муҷрии шабакаи Пресс ТВ ду рӯз баъд аз озодиаш аз зиндони Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Раша Тудей” изҳор дошт, маъмурони полиси федерали Амрико (FBI) бо вай монанди як барда рафтор кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 26, 2019 06:55 Asia/Dushanbe
  • Марзия Ҳошимӣ: FBI бо ман монанди як барда рафтор кард

Марзия Ҳошимӣ, муҷрии шабакаи Пресс ТВ ду рӯз баъд аз озодиаш аз зиндони Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Раша Тудей” изҳор дошт, маъмурони полиси федерали Амрико (FBI) бо вай монанди як барда рафтор кардаанд.

Марзия Ҳошимӣ рӯзи ҷумъа бо баёни ин ки маъмурони FBI  ҳаргиз ба ҳуқуқи вай эҳтиром нагузоштанд, изҳор дошт, дар даврони боздошт аз ибтидоитарин ҳуқуқи фардӣ маҳрум будааст.

Хонум Ҳошимӣ афзуд, дар даврони боздошт борҳо аз вай акс ва ҳамчунин озмоиши Ди Эн Эй (ДНК) гирифта шудааст.

Марзия Ҳошимӣ асри чаҳоршанбе (ба вақти Вашингтон) баъд аз 11 рӯзи боздошт дар Амрико бидуни муттаҳам шудан ба ҳеҷ ҷурме озод шуд.

Марзия Ҳошимӣ, муҷрӣ, хабарнигор, мустанадсоз ва гӯяндаи амрикоиуласли шабакаи Пресс ТВ рӯзи якшанбеи 13 январ бидуни ҳеҷ далеле дар фурудгоҳи Ст. Луиси ин кишвар боздошт ва ба як боздоштгоҳи полиси федерали Амрико (FBI) дар Вашингтон, пойтахт мунтақил шуда буд.

Марзия Ҳошимӣ барои дидор бо хонаводааш ба Амрико сафар карда буд.

Марзия Ҳошимӣ ба маҳзи боздошт, тавассути масъулони боздоштгоҳ ғулу занҷир шуд ва бо вуҷуди ин ки медонистанд вай мусалмон аст, ба зӯр ҳиҷоби исломии ӯро бардоштанд ва муҷрии Пресс ТВ - ро аз хурдани ғизоҳои ҳалол манъ карданд.

Боздошти Марзия Ҳошимӣ дар Амрико бо вокунишҳои густурда дар ҷаҳон рӯбарӯ шуда буд.

Марзия Ҳошимӣ бо номи Мелани Франклин дар иёлати Колорадои Амрико ба дунё омада ва дар риштаи расона фориғуттаҳсил шудааст. Марзия ё ҳамон Мелании мутаваллиди Амрико дар ҷавонӣ таҳти таъсири шахсияти Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон мусалмон шуд ва ба Эрон муҳоҷират кард.