Ҳайрати таҳлилгари бритониёӣ аз дастовардҳои Эрон дар улум ва фанноварӣ
(last modified Mon, 28 Jan 2019 08:00:10 GMT )
Январ 28, 2019 13:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳайрати таҳлилгари бритониёӣ аз дастовардҳои Эрон дар улум ва фанноварӣ

Як таҳлилгари бритониёӣ эътироф кард, дастовардҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар улум ва фанноварӣ, ҳайратовар аст.

Rodney Shakespeare, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Бритониё рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА гуфт, натиҷаи душманиҳо ва таҳримҳо алайҳи Эрон дар тӯли 40 соли пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ба шукуфоии зарфиятҳои дохилӣ ва дастоварди ҳайратангезе дар арсаи улум ва фанноварӣ мунҷар шудааст.

Вай афзуд, таъсири пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар соли 1979 васеъ буд ва нишон дод, ки роҳи сеюме ғайр аз низоми сармоядории Ғарб ва коммунизми Шӯравӣ вуҷуд дорад.

Ин таҳлигари бритониёӣ гуфт, ин инқилоб талфиқе аз хезши миллӣ ва фарҳангӣ ва як хурӯши мазҳабӣ буд, ки дунё пеш аз ин намунаи онро надида ва ба ҳамин иллат шок, ноумед ва ба зоҳир хурсанд буд.

Rodney Shakespeare, инқилоби Эронро пӯише хонд, ки тайи он бо гузашти 40 сол аз он, ҳамчунон миллионҳо эронӣ дар роҳпаймоии 22 баҳман дар ҳаракати шигифтовар ширкат мекунанд.

Ин таҳлилгари масоили сиёсӣ афзуд, ин дар ҳоле аст, ки бераҳмонатарин, мустабидтарин ва ғайридемократиктарин режимҳои дунё дар ҳамсоягии Эрон қарор доранд ва имрӯз кишваре монанди Арабистони Саудӣ беш аз ҳар чиз аз демократия Эрон метарсад.

Чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон қарор аст, дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Маркази исломии Бритониё ба сурати ҷудогона баргузор шавад.