Январ 28, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Иҷлоси Варшава шикофи миён Эрон ва Аврупо аст

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон баргузории Иҷлоси зиддиэронии Варшаваро эҷоди ихтилоф ва шикоф миёни Эрон ва бархе кишварҳои аврупоӣ арзёбӣ кард.  

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи Иҷлоси зиддиэронии Варшава гуфт: Ин як иқдоми амрикоӣ бо аҳдофи мушаххас аст ва бо таваҷҷуҳ ба моҳияти бархе кишварҳои тозаворид ба Иттиҳодияи Аврупо, ки савобиқи равшане дар бархе муъзалоти минтақаӣ ҳам доранд, эҷоди ихтилоф ва шикоф миёни Эрон ва бархе кишварҳои аврупоӣ дунбол мешавад.  

Вай таъкид кард: Қатъан Эрон Иҷлоси Варшаваро расад мекунад ва иқдомоте ҳам дар арсаи дипломатӣ сурат гирифтааст.

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико дар идомаи талошҳои ин кишвар барои илқои сиёсати эронҳаросӣ 11 январ эълом кард: Вашингтон дар назар дорад, нишасте зиддиэронӣ рӯзҳои 13 ва 14 феврал дар Варшаваи Полша баргузор кунад.

Қосимӣ дар бораи ваъдаи Аврупо барои иҷроӣ шудани созу кори молии вижа барои муқобила бо таҳримҳои Эрон мавсум ба SPV аз имрӯз гуфт: Эрон аз ибтидо мунтазири созу кори молии Аврупо набудааст, вале бояд дид Аврупо чигуна метавонад таъхири худро ҷуброн кунад. Беҳтар ин аст, ки сабр кард ва дид, ки тарафи аврупоӣ чи чизеро эълом мекунад.  

Қосимӣ дар бораи изҳороти ахири Жан-Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса мабнӣ бар гуфтугӯи мушакӣ бо Эрон ҳам таъкид кард: Барномаи мушакии Эрон дифоӣ ва боздоранда аст ва қобили музокира ҳам нест ва қатъан бо суҳбатҳои дигарон тағйир нахоҳад кард.  

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи идомаи иттиҳомзаниҳои Аврупо ба Эрон ва аз тарафе тавсеаи барномаи мушакии Арабистон гуфт: Беҳтар он аст, ки Аврупо нигоҳи дигаре ба кишварҳои минтақаӣ ва хориҷ аз минтақа дошта бошад ва бубинад, ки чигуна ин кишварҳо ба дунболи афзоиши тавони низомии худ ҳастанд ва аз силоҳҳои мухарриби худ зидди кишварҳои дигар аз ҷумла Яман истифода мекунанд.

 

 

Барчасп