Таҳаввулоти минтақа ва БарҶом - меҳвари ройзаниҳои сафари аврупоии Ироқчӣ
Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар нахустин марҳала аз сафари худ ба се кишвари аврупоӣ, барои ширкат дар даври чаҳоруми ройзаниҳои сиёсии Эрон ва Утриш (Австрия), рӯзи душанбе вориди Вена - пойтахти ин кишвар шуд.
Ироқчӣ дар идомаи ин сафар аз Словакия ва Булғористон низ дидор хоҳад кард.
Сайид Аббоси Ироқчӣ дар ин сафар бо Юҳаннес Петерлик, ҳамтои австрияии худ дар бораи равобити дуҷониба, масоили минтақаӣ, БарҶом ва созукори молӣ байни Эрон ва Аврупо мавсум ба SPV табодули назар кард. Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар дидор бо Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи охирин вазъияти ҳамкории дуҷониба дар чорчӯби БарҶом ройзанӣ кард.
Сиёсати минтақаии Эрон ҳамвора асосёфта бар таомул дар ростои истиқрори субот, амният, тавсеа ва фарояндҳои сиёсӣ будааст ва бар ҳамин асос Эрон бо Иттиҳоди Аврупо вориди гуфтумони БарҶом шуд. Ин таомул ва ҳамкории эътимодсоз аз сӯйи Эрон барои Аврупо ва сиёсатҳои минтақаияш дорои аҳамият аст. Дар ҳамин хусус Юҳаннес Петерлик дар дидор бо Ироқчӣ, бо ишора ба аҳамияти Эрон дар сиёсати хориҷии Утриш ва ҳамчунин ҷойгоҳи ҷумҳурии исломӣ дар минтақаи ғарби Осиё, бар иродаи сиёсии Вена барои идома ва афзоиши ройзанӣ, ҳамкорӣ ва таомулот бо Теҳрон дар ҳавзаҳои мухталиф, азҷумла дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид кард.
Шакке нест, ки Эрон бо вуҷуди коршиканиҳои Амрико ва ҳамсуии бархе кишварҳои аврупоӣ бо иддаоҳои машкуки Амрико, ба талошҳои худ барои пешбурди сулҳ ва амният дар минтақа, бавижа дар таҳаввулоти Сурия, Яман ва Афғонистон идома хоҳад дод. Аммо масъалаи муҳиме, ки дар ин замина вуҷуд дорад, интизороти мутақобил дар чорчӯби манофеи дутарафа аст. Мавозеи мусбат ва созандаи Утриш барои тавсеаи ҳамкорӣ ва таомулот бо Эрон ва дар ҳимоят аз БарҶом қатъан аз нигоҳи Эрон пинҳон нест. Аммо ҳамон гуна, ки тарафҳои аврупоӣ аз Эрон интизор доранд, ки дар БарҶом боқӣ бимонад, Эрон низ ҳимоятҳои бештар ва амалии кишварҳои аврупоӣ аз ин тавофуқро зарурӣ медонад.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар остонаи ин сафар гуфт, аврупоиҳо бо иҷрои созукори молӣ бо Эрон, мавсум ба SPV метавонанд собит кунанд, ки мустақил аз Амрико ва фишорҳои ин кишвар ҳастанд. БарҶом тавофуқи байналмилалӣ аст, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар қолаби Қатъномаи 2231 онро таъйид кардааст. Амрико бо хуруҷ аз БарҶом манофеи кишварҳои аврупоӣ ва эътибори ожонс ва қатъномаи Созмони Милалро ба чолиш кашондааст ва барои кишварҳои аврупоӣ ҳазинаҳоеро эҷод кардааст.
Иттиҳоди Аврупо таъсироти манфии сиёсӣ - иқтисодии якҷонибагароии Амрикоро ба хубӣ эҳсос кардаанд ва медонанд, ки талоши онҳо барои ҳифзи БарҶом ҷанбаи ҳайсиятӣ дорад. Дар мавзӯи ҳамкории ҳастаӣ низ Юкия Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ баъд аз иҷрои БарҶом тайи гузоришҳои расмӣ, пайваста пойбандии комили Эрон ба БарҶомро таъйид кардааст.
Акнун ожонс ва дигар тарафҳои БарҶом бояд иқдомоти қобили қабуле дар ҳимоят аз БарҶом ироа кунанд ва ба интизороти Эрон дар ин замина посухе мантиқӣ бидиҳанд.
Бретт Ҳиллис, коршиноси таҳрим дар ширкати ҳуқуқии “Рид Смит” мегӯяд, ҳеч чизе дар барномаҳои Иттиҳоди Аврупо вуҷуд надорад, ки ширкатҳои аврупоии фаъол дар Эронро аз мувоҷеҳа бо шароити душвор мутаваққиф кунад.
Идомаи ин раванд қобили давом нест ва БарҶом акнун дар шароити душворе қарор гирифтааст. Аврупоиҳо зоҳиран ба дунболи роҳиҳалҳое ҳастанд, аммо Эрон наметавонад ҳамчунон назорагари билотаклифии Аврупо бошад.
Аббоси Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар ин робита ахиран ба хабаргузории Спутник гуфт: “Сиёсати мо комилан мушаххас аст. Мо то замоне, ки манофее барои ҳузури мо дар БарҶом вуҷуд дошта бошад, ба ҳузурамон идома хоҳем дод”.