Январ 30, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Вуқӯи ду инфиҷор дар ҷануби шарқи Эрон

Фармондеҳи интизомии устони Систон ва Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон сешанбешаб аз вуқӯи ду инфиҷор дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Зоҳидон, маркази ин устон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, сардор сартипи дувум Муҳаммади Қанбарӣ хотирнишон кард, ду шайъи савтии дастисоз ба фосилаи чанд дақиқа аз якдигар дар булвор (булвар) –и Беъсати Зоҳидон мунфаҷир шуданд.

Фармондеҳи интизомии устони Систон ва Балучистон гуфт, нерӯҳои интизомӣ дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд ва дар ҳоли баррасии мавзуъ ҳастанд.

Сардор Қанбарӣ афзуд, авзоъ таҳти контрол аст.

Фарибурзи Рошидӣ, раиси маркази ёрии таъҷилӣ ва ҳаводиси Донишгоҳи улуми пизишкии Зоҳидон эълом кард, дар ин инфиҷорҳо 4 нафар захмӣ шудаанд. Ҳоли ҳамаи маҷруҳон хуб аст.

Гурӯҳаки террористии ба истилоҳ “Ҷайшуладл” бомдоди чаҳоршанбе дар баёнияе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда гирифт.

Ин гурӯҳаки террористӣ бо тафаккуроти салафӣ ва ваҳҳобӣ аз ҷумлаи ҳомиёни гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ дар Сурия аст.

Ин гурӯҳаки террористӣ то кунун масъулияти чанд қатлу террор дар устони Систон ва Балучистон, азҷумла шаҳодати 9 нафар аз марзбонони эронӣ дар минтақаи Мирҷова дар 26 апрели соли 2017 - ро бар ӯҳда гирифта, ҳамчунин дар ба шаҳодат расондани ҳашти марзбони эронӣ дар марзҳои шарқӣ ва ба оташ кашидани пайкари беҷони онон нақш доштааст.

 

Барчасп