Марзияи Ҳошимӣ: Иллати боздоштам душмании Амрико бо Эрон буд
Марзияи Ҳошимӣ, хабарнигори шабакаи Пресс Тиви дар бадви вуруд ба Фурӯдгоҳи имом Хумайнӣ (р)-и Теҳрон, гуфт: Иллати боздошташ дар Амрико душмании ин кишвар бо Эрон будааст.
Марзияи Ҳошимӣ, хабарнигор ва муҷрии Пресс Тиви, ки тавассути давлати Амрико боздошт шуда буд, чаҳоршанбе шаб ба Эрон бозгашт ва мавриди истиқболи густардаи мардум, масъулон ва фаъолони расонаӣ дар Фурӯдгоҳи имом Хумайнӣ (р) қарор гирифт.
Вай сипас дар ҷамъи хабарнигорон изҳор кард: Пас аз боздошт дар Амрико мутаваҷҷеҳ шудам, ки ҷумҳурии исломӣ чи қадар барои давлати Амрико муҳим аст ва онҳо нигарони 40 солагии инқилоби исломии Эрон ҳастанд.
Хабарнигор ва муҷрии Пресс Тиви таъкид кард: Миллати Эрон роҳи дурустеро меравад ва Худованд Иншоаллоҳ раҳбари муаззами инқилоби исломиро ҳифз кунад, агар дар хориҷ аз кишвар бошед, арзиши раҳбар, ватан ва ҷумҳурии исломии Эронро мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд.
Марзияи Ҳошимӣ ҳузур густардаи мардум ва фаъолони расонаиро барои истиқбол аз вай дар ба Фурӯдгоҳи имом Хумайнӣ (р) сутуд.
Муҷрӣ, хабарнигор, мустанадсоз ва гуяндаи амрикоитабори шабакаи Пресс Тиви 13 январи 2019 бидуни ҳеҷ далеле дар Фурӯдгоҳи Сент-Луиси Амрико боздошт ва ба як боздоштгоҳи полиси федерали Амрико дар Вашингтон мунтақил шуд.
Ин хабарнигор сипас дар паи фишорҳои расонаӣ ва афкори умумии ҷаҳон пас аз 11 рӯз аз боздошти давлати Амрико озод шуд.