Дархости се бонки Афғонистон барои эҷоди намояндагӣ дар Чобаҳор
(last modified Thu, 31 Jan 2019 09:00:35 GMT )
Январ 31, 2019 14:00 Asia/Dushanbe
  • Дархости се бонки Афғонистон барои эҷоди намояндагӣ дар Чобаҳор

Муовини иқтисодӣ ва сармоягузории минтақаи озоди Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон) гуфт: Се бонки Афғонистон дархости эҷоди намояндагӣ дар минтақаи озоди Чобаҳор доданд, ки пас аз таи мароҳили идорӣ ва мувофиқати бонки марказӣ фаъолияташонро оғоз мекунанд.

Ғуломризо Паноҳ афзуд: Бештари бонкҳои эронӣ дар минтақаи озоди Чобаҳор шуъба доранд ва бар ин асос, бонкҳои Афғонистон низ пас аз таи раванди идорӣ метавонанд дар ин минтақа фаъолият кунанд.

Муовини иқтисодӣ ва сармоягузории минтақаи озоди Чобаҳор бо баёни инки ҳеҷ маҳдудияте барои роҳандозии шуъбаи бонкҳои хориҷӣ ва сармоягузорӣ дар минтақаи озоди Чобаҳор вуҷуд надорад, хотирнишон кард: Беш аз 160 ширкат аз кишвари Афғонистон дар минтақаи озоди Чобаҳор фаъол ҳастанд.