Феврал 01, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Англия: Амрико қодир ба тағйири иродаи мардуми Эрон нест.

Сафири Эрон дар Англия бо ишора ба тавтиаҳои Амрико барои зарба задан ба мардуми Эрон гуфт: Амрико қодир ба тағйири иродаи мардуми Эрон дар масири инқилоби исломӣ нест.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Ҳамиди Баъидинажод сафири Эрон дар Лондон дар семинаре ба муносибати бузургдошти чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон, бо баёни инки Амрико дар чиҳил соли гузашта бо абзори таҳрим талош кард то мардуми Эронро аз масири инқилоб мунҳариф кунад, афзуд: Ҳеҷ кишвари хориҷӣ наметавонд хостаи мардуми Эронро тағйир диҳад.

Баъидинажод афзуд: Миллати Эрон қобилияти ахлоқӣ, фикрӣ ва илмӣ барои расидан ба аҳдофи худро дорад ва ба онҳо хоҳад расид.

Сафири Эрон дар Англия ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳои Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ тасреҳ кард: Эрон тайи чиҳил соли гузашта пешрафтҳои чашмгире дар заминаи улум, санъат, фановарӣ, пизишкӣ, нано ва ҳавзаҳои дигар ба даст овардааст.

40 сол пеш дар чунин рӯзе, дувоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (аввали феврали 1979) ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз понздаҳ сол дурӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршури мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид. Ба ҳамин далел, аз рӯзи дувоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вуруди Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бистудувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, "Даҳаи фаҷр" номгузорӣ шудааст ва ҳар сол, ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.

 

Барчасп