Феврал 03, 2019 20:14 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз мушаки “Куруз”-и бурди баланди заминии “Ҳувайза”

Дастовардҳои арзишманди дифоӣ бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳои ҳамаҷонибаи душман як бори дигар шиори “мо метавонем”-ро мутаҷаллӣ сохт ва нишон медиҳад, инқилоби исломии Эрон ҳамчунон пуё ба масири худ идома медиҳад.

Генерал Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон шанбе дар ҳошияи рӯнамоӣ аз мушаки “Куруз”-и бурди баланди заминии “Ҳувайза” дар Теҳрон, бо баёни ин нукта афзуд: “Мушаки “Ҳувайза” намоди худбоварӣ ва як дастоварди муҳими дифоӣ аст, ки нишон медиҳад, ҳеҷ садде ҷилавдори азм ва иродаи миллати Эрони исломӣ дар ҳавзаи дифоӣ нахоҳад буд”.  

“Мушаки “Ҳувайза”, ки бо пешрафтатарин фанноварии рӯзи ҷаҳон тавассути мутахассисон ва донишмандони эронӣ сохта шудааст, дорои бурди парвозии беш аз  ҳазору 350 километр аст, ки зидди аҳдофи заминии собит истифода мешавад.

Омодасозӣ ва вокуниши сареъ, иртифои парвозии поин, диққати болои новбарӣ ва исобат ба ҳадаф ва қудрати тахриби зиёд аз вижагиҳои барҷастаи мушаки “Куруз”-и “Ҳувайза” эълом шудааст.

Андешкадаи амрикоии муассисаи байналмилалии мутолеоти стратегӣ дар гузорише аз Эрон ба унвони кишваре ёд мекунад, ки бузургтарин ва мутанаввеътарин зарродхонаи мушакҳои баллистик ва ракетаро дар ихтиёр дорад.

Ҷереми Вон, коршиноси ин андешкада ёдовар мешавад, ки таҳримҳои байналмилалӣ бо аз миён бурдани имкони таҳсили эрониҳо дар донишгоҳҳои хориҷӣ амалан ба суди Эрон тамом шудааст.

Вай тасреҳ мекунад: “Агарчи бархе муътақиданд, таҳримҳои таслеҳотӣ тавонистаанд пешрафти Эрон дар ҳавзаи фанновариро мутаваққиф кунанд, аммо ин кишвар равишҳоеро барои беҳбуди зарфиятҳои илмии худ ба рағми вуҷуди таҳримҳо пайдо кардааст”.  

Генерал Саидабдурраҳими Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме бо табрики даҳаи муборак тасреҳ кард: Артиши Эрон омодаи дифоъ дар баробари ҳаргуна зиёдахоҳии душманон аст ва геометрияи қудрат дар минтақаи ҳассос ва роҳбурдии ғарби Осиё бидуни назар ва ҳузури Эрон ҳеҷгуна маъное надорад.

 

Барчасп