Эрон ҷузъи панҷ қудрати паҳподи ҷаҳон
(last modified Mon, 04 Feb 2019 14:17:42 GMT )
Феврал 04, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузъи панҷ қудрати паҳподи ҷаҳон

Фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузъи панҷ қудрати сохти паҳподи размӣ дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши ИРНА, генерал Азизи Насирзода, фармондеҳи Нерӯи ҳавоии артиши Эрон афзуд, Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон паҳподҳои (парандаи ҳидоятшаванда аз роҳи дур) мавриди истифодаи худро комилан бумӣ ва бо кумаки мутахассисони дохилӣ тавлид мекунанд.

Насирзода бо баёни инки тамоми дастовардҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шароити таҳрим ва таҳдид ба даст омадаанд тасреҳ кард, таҳримҳо ҳеҷ асаре бар нерӯи ҳавоии Эрон нагузошта ва ин нерӯ имрӯз яке аз қудратмандтарин нерӯҳои ҳавоии минтақа ва ҷаҳон аст.

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 30 январи 2019 намунаҳое аз паҳподҳои худро дар қолаби намоишгоҳҳои тавонмандии нерӯҳои мусаллаҳ ба намоиш гузоштааст.

Аз ҷумлаи паҳподҳое, ки дар ин муддат намоиш дода шудаанд, метавон ба намунаҳои шабеҳсозӣ шудаи эронии паҳподи «RK170», паҳподҳои муҳоҷир, “Шоҳид 129”, “Абобил”, “Соиқа” ва анвои дигаре аз паҳподҳои мухталифи шиносоӣ, ишора кард.

Намоишгоҳи ҳавоии дастовардҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон панҷшанбеи гузашта дар Теҳрон оғоз бакор кард ва то 11 феврал идома дорад.