Феврал 08, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Истикбор хайрхоҳи миллати Эрон нест

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Кишварҳои истикборӣ хайрхоҳи миллати Эрон нестанд ва масъулон набояд ба онҳо умедвор бошанд.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тӯлонӣ шудани замони иҷрои созу кори молии байни Эрон ва Аврупо ва шартҳои онҳо барои ҳифзи БАРҶОМ ба мавридҳое чун «пайвастани Эрон ба гурӯҳи вижаи иқдоми молии FATF ва музокира дар бораи барномаи мушакӣ афзуд: Пайвастан ё напайвастани Эрон ба FATF тасмими дохилии низом аст.

Оятуллоҳи Хотамӣ бо баёни ин ки бо муқовимати миллати Эрон давраи кунунии таҳримҳои золимонаи Амрико низ сипарӣ хоҳад шуд, тасреҳ кард: Бо мудирияти ҷиҳодӣ ва бархурди қотеъ бо муфсидон, мушкилоти кунунӣ ҳал хоҳад шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба рӯнамоӣ аз мушаки баллистикии «Дизфул» бо бурди ҳазор километр низ гуфт: Ин мушак дар ростои сиёсати боздорандагӣ ва сиёсати дифоии низоми исломӣ аст.

Оятуллоҳ Хотамӣ таъкид кард: Низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи дифоъ аз худаш мусаммам аст ва ҳеҷ мулоҳизае дар ин замина надорад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо қадрдонӣ аз мардуми бобасирати Эрон афзуд: Ҳар ҷо инқилоб ба ҳузури мардум ниёз дошт, ҳузури мардуми инқилобӣ пуррангтар шуд ва ба кӯрии чашми душманон имсол бошукӯҳтарин роҳпаймоии чиҳилсолаи инқилоби исломӣ рақам хоҳад хӯрд.

 

Барчасп