Феврал 08, 2019 18:22 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Аврупо дар иҷрои тааҳҳудоти БАРҶОМ-ӣ кӯтоҳӣ кард

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хорҷаи Эрон панҷшанбе шаб гуфт: аврупоиҳо аз тааҳҳудоти БАРҶОМ-ии худ шона холӣ накарданд, аммо дар иҷрои он кӯтоҳӣ карданд.

Ба гузориш ИРНА, Зариф дар гуфтугӯи иихтисосӣ бо шабакаи телевизионии «Русия-алявм» дар посух ба ин савол, ки агар аврупоиҳо иҷрои созу кори молиро ба мавридҳое  чун «пайвастани Эрон ба Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ - FATF ва музокира дар бораи барномаи мушакӣ» машрут кунанд ва ин мавзӯъро аҳруми фишор алайҳи Теҳрон қарор диҳанд, гуфт: Аврупоиҳо ибтидо бояд ба тааҳҳудашон дар хусуси БАРҶОМ мутааҳҳид бошанд, онҳо дар ҷойгоҳе нестанд, ки бихоҳанд хостаеро бар Эрон таҳмил кунанд.

Зариф идома дод: Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ мутааҳҳид будааст ва ин Амрико буд, ки аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуд, дар ҳоле, ки аврупоиҳо низ натавонистанд онро иҷро кунанд.

Вазири умури хорҷаи Эрон гуфт: Аврупоиҳо тааҳҳудоти зиёде ба Теҳрон додаанд ва бояд ба ҳамаи онҳо мутааҳҳид бошанд. Зариф дар хусуси Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ (FATF) ҳам гуфт: Қарор гирифтани Эрон дар листи сиёҳи Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ аз ҳамон ибтидо ғайривоқеӣ буд ва тамоми лоиҳаҳои он дар чорчуби қонуни дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли иҷро аст.

Вазири умури хорҷаи Эрон дар хусуси мушакҳои дифоии Эрон ҳам таъкид кард: Мушакҳои Эрон, танҳо алайҳи гурӯҳҳои террористӣ мавриди истифода қарор мегирад, дар ҳоле, ки силоҳҳои сохти Аврупо ва Амрико то ба имрӯз ғайринизомиёни яманӣ, сокинони Ғазза, каронаи бохтарии рӯди Урдун, миллати Лубнон ва Сурияро ҳадаф қарор медиҳанд.

Вазири умури хорҷаи Эрон гуфт: Дар сурате, ки Аврупо бихоҳад Гурӯҳи иқдоми молӣ ва музокира дар хусуси мушакро ба унвони шарт бар Теҳрон таҳмил кунад, ки беиртибот бо БАРҶОМ аст, мо гузинаҳои зиёде дар ихтиёр дорем.

Зариф дар бораи эҷоди созу кори ҳимоят аз мубодилоти тиҷории Эрон ва Аврупо (ИНСТЕКС - INSTEX) гуфт: Ин созу кор метавонад шеваи ҳушмандона барои давр задани таҳримҳо бошад ва хисорати Эрон дар натиҷаи таҳримҳоро ҷуброн кунад.

Вазирони умури хорҷаи Олмон, Фаронса ва Англия 31 январи 2019 дар ҳошияи нишасти Иттиҳодияи Аврупо эълом карданд, канали вижаи пардохти Аврупо ва Эрон таҳти унвони "Абзори пуштибони фаъолиятҳои тиҷорӣ" - INSTEX) ба сабт расид.

 

Барчасп