Изҳороти имом ҷумъаи Кобул дар бораи инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон
Феврал 10, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
Имом ҷумъаи ғарби Кобули Афғонистон гуфт, ба баракати инқилоби шукӯҳманид исломӣ, Эрон мизбони хубе барои муҳоҷирони афғон будааст.
Абдулқодир Оламӣ афзуд, аз нигоҳи иқтисодӣ, инқилоби исломии Эрон илова бар таҳаввули азим дар дохили Эрон, бар мардуми Афғонистон ҳам асароти мусбате дошта ба тавре, ки шумори зиёде аз хонаводаҳои афғон маишати худро аз Эрон таъмин мекунанд ва ин ҳамкориҳо боиси ризояти хотири давлат ва миллати Афғонистон будааст.
Вай афзуд, инқилоби исломии Эрон як инқилоби муваффақ аст.
Барчасп