Ҳузури миллионҳо эронӣ дар роҳпаймоии 22 баҳман
Ҳамзамон бо 22 баҳман (11феврал) ва чиҳилумин солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ, миллионҳо эронӣ имрӯз ба хиёбонҳо омаданд, то бо ҳузур дар роҳпаймоӣ, солгарди пирӯзии инқилобро гиромӣ бидоранд.
Роҳпаймоии солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз ба таври ҳамзамон дар беш аз ҳазор шаҳру 10 ҳазор русто дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.
Миллати Эрон бо ҳузури густарда дар ин роҳпаймоӣ, якбори дигар бо ормонҳои ҳазрати имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ ва ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҷдиди мисоқ карданд.
Дар ин маросим эрониён дар ҳоле, ки парчами ҷумҳурии исломии Эронро даст доштанд, шиорҳои “марг бар Амрико” ва “марг бар исроил” сар доданд.
Шаш ҳазору 500 хабарнигор, аккос ва филмбардори эронӣ ва хориҷӣ маросими бузургдошти чиҳилумин солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломиро пушиши хабарӣ доданд.
Меҳмонони хориҷӣ аз шахсиятҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, варзишӣ ва донишгоҳӣ аз Амрико, Фаронса, Англия, Ирландия, Венесуэла ва соири кишварҳо низ дар ин маросим ҳузур доранд.
Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.