Қатъномаи роҳпаймоии 22 баҳман: Амрико таҷассуми шарорат дар ҷаҳон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41619-Қатъномаи_роҳпаймоии_22_баҳман_Амрико_таҷассуми_шарорат_дар_ҷаҳон_аст
Миллати Эрон дар қатъномаи поёнии роҳпаймоии 22 баҳман эълом карданд: Амрикоро ҳамчунон тоғут ва таҷассуми айнии шарорат, хушунат, ризолат, буҳронсозӣ ва ҷангофаринӣ дар дунё медонанд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Феврал 11, 2019 14:30 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи роҳпаймоии 22 баҳман: Амрико таҷассуми шарорат дар ҷаҳон аст

Миллати Эрон дар қатъномаи поёнии роҳпаймоии 22 баҳман эълом карданд: Амрикоро ҳамчунон тоғут ва таҷассуми айнии шарорат, хушунат, ризолат, буҳронсозӣ ва ҷангофаринӣ дар дунё медонанд.

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии 22 баҳман, солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон, бо судури қатъномае зимни таҷдиди мисоқ бо ормонҳои имом Хумайнӣ (р) ва байъати муҷаддад бо раҳбари муаззами инқилоб, аз масъулон бархурди қотеъ бо мутолибот ва зиёдахоҳиҳои Амрико ва бархе кишварҳои аврупоиро хостор шуданд.

Роҳпаймоён ҳамчунин, тақвияти рӯзафзуни бунияи дифоӣ-мушакӣ ва роҳбурдҳои боздорандагии Эрон ва зарурати тавсеаи фазояндаи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаиро як асли асосӣ донистанд ва таъкид карданд, дар баробари зиёдахоҳии тими зиддибашарии Трамп, раисҷумҳури Амрико кӯтоҳ нахоҳанд омад.

Роҳпаймоии чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон таъкид карданд, дифои ҳамаҷониба аз ситамдидагони ҷаҳон ба вижа ҷибҳаи муқовимат ва мардуми Ироқ, Сурия, Яман, Баҳрайн ва Фаластин дар муқобили мусалласи шуми шарорат, терроризм, ҷангафрӯзии Амрико, режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ва Оли Сауд ва талош барои озодии Қудсро вазифаи худ медонанд.