Феврал 15, 2019 17:56 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Испания дар Теҳрон ҳамлаи террористии Зоҳидонро маҳкум кард

Сафорати Испания дар Теҳрон дар паёме зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои шуҳадои ҳамлаи террористии зоҳидон, ин ҳамларо ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, сафири Испания дар паёми твиттерии худ, ҳамлаи террористӣ ба автобуси ҳомили марзбонон дар устони Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эронро маҳкум мекунад ва ҳамбстагии худро бо мардум ва давлат Эрон иброз медорад.

Сафири Испания дар Эрон ҳамчунин зимни арзи таслият ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои шуҳадо, барои маҷруҳони ин ҳамлаи террористӣ шифои оҷил орзу кард.

Чаҳоршанбешб як автобуси ҳомили марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷодаи Хош – Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд. Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшуладл" масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп