Феврал 17, 2019 21:58 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Таҳрим, Эронро дар санъати дифоӣ худкифо кард

Раисҷумҳури исломии Эрон, қудрати дифоии Эронро барои ҳаросат аз манофеи кишвар донист ва гуфт: Эрон ҳеҷгоҳ қасди таҷовуз ба сарзамин ё кишваре надоштааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон асри якшанбе дар маросими илҳоқи зердарёии “Фотеҳ” ба нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Фишор ва таҳрими душманон ва ҷанги таҳмилӣ муҷиб шуд, то Эрон дар санъати дифоӣ ва бавижа дар санъати дарёӣ ва сохти ягонҳои сатҳӣ ва зерсатҳӣ худкифо шавад.

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Нерӯи дарёии артиш на фақат аз савоҳили кишвар дар Халиҷи Форс, дарёи Уммон, дарёи Хазар ва даҳонаи уқёнуси Ҳинд дифоъ мекунад, балки бо ҳузур ва иқтидории худ дар обҳои байналмилалӣ низ аз манофеи ҷумҳурии исломии Эрон ва амнияти каштиронӣ ба нафъи миллати Эрон пуштибонӣ карда ва дар иқтидори Эрон таъсиргузор аст.

Рӯҳонӣ тасреҳ кард: Имрӯз ҷумҳурии исломии Эрон дар замин, ҳаво ва дарё комилан ба худ муттакӣ буда ва ҳеҷгоҳ қудрати Эрон на танҳо дар даҳаҳои ахир балки шояд дар қарнҳои ахир дар ин ҳад набудааст.

Вай тасреҳ кард: Имрӯз Эрон ва кишварҳои дӯст дар канори якдигар як қудрати дифоии сарафроз дар обҳо, сарзамин ва фазои минтақа ҳастанд ва ниёзе ба мутаҷовизон ва ҳузури номшруи қудратҳои ғайриминтақаӣ дар ин минтақа надоранд.

Дар ин маросим пешрафтатарин зердарёии Эрон бо номи “Фотеҳ” ба новгони ҷануби нерӯи дарёии артиш мулҳақ шуд.

 

Барчасп