Раҳбари инқилоб: Амрико дар заифтарин шароит аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41805-Раҳбари_инқилоб_Амрико_дар_заифтарин_шароит_аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, низоми ҷумҳурии исломиро дар беҳтарин мавқеият ва ҷибҳаи истикбор ва дар садри он Амрикоро дар заифтарин шароит донистанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 18, 2019 13:57 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Амрико дар заифтарин шароит аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, низоми ҷумҳурии исломиро дар беҳтарин мавқеият ва ҷибҳаи истикбор ва дар садри он Амрикоро дар заифтарин шароит донистанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба мавқеияти заифи душман яъне ҷибҳаи истикбор ва дар садри он Амрико таъкид карданд: Мо намехоҳем, худро ба содалавҳӣ бизанем ва аз душман ғофил шавем, аммо воқеиёт нишонгари он аст, ки душман ба шиддат гирифтори масоили дохилӣ ва хориҷӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ мушкилоти иҷтимоӣ, афсурдагӣ ва сархурдагии ҷавонон, афзоиши омори қатл ва ҷиноят, густариши эътиёд ва маводи мухаддир, даргирӣ миёни сарони Амрико ва қарзҳои аҷибу ғарибро бахшҳое аз гирифториҳои Амрико баршумурданд ва афзуданд: Ҳамаи ин маворид, мустанад ба оморҳо ва гузоришҳои расмӣ ва дохилии Амрикост ва ба далели ҳамин мушкилот ва гирифториҳо, дучори вазъияти кунунӣ дар Сурия ва Ироқ ва Афғонистон шудаанд ва ба шиддат низ асабонӣ ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба баргузории номуваффақи Нишасти Варшава гуфтанд: Давлатмардони заифақли Амрико аз бархе давлатҳои ҳамкори худ ва давлатҳои заиф ва маръуб барои Нишасти Варшава ва тасмимгирӣ зидди Эрон даъват карданд, аммо ин нишаст ба ҳеҷ натиҷае нарасид ва ҳамаи инҳо нишонаи заъф аст ва душман, ки дар ҳолати заъф дучори асабоният мешавад, шуруъ ба ҷанҷол ва фаҳҳошӣ мекунад.

Эшон нишасти шикастхурдаи Варшава ва ҳамнишинии мақомоти кишварҳои ба зоҳир мусулмон бо режими саҳюнистӣ ва ҳампаймонӣ бо Амрикоро муҷиби рафтани обруи онон донистанд ва таъкид карданд: Ин афрод дар миёни миллати худ низ ҳеҷ обруе надоранд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар тавсияе ба масъулони Эрон, рафтор ва иқдомоти ғарбиҳоро ба маънии воқеии калима фиребомез хонданд ва гуфтанд: Таклифи Амрикоиҳо, ки мушаххас аст, зеро шамшерро аз рӯ бастаанд, аммо бояд муроқиби аврупоиҳо буд, зеро онҳо низ бо фиреб амал мекунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Он рӯзе, ки ин инқилоб як ниҳоли заиф буд, ҳамаи душманон муттаҳид шуданд, вале натавонистанд коре бикунанд, бинобарин имрӯз, ки он ниҳол табдил ба як дарахти тановар шудааст, ҳеҷ ғалате наметавонанд бикунанд.

Эшон ҳамчунин бо қадрдонӣ аз ҳузури пуршӯри миллати Эрон дар роҳпаймоии солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ тасреҳ карданд: Агарчи душман дар таблиғоти худ ин ҳузурро китмон ва ё саъй дар кӯчакнамоии он мекунад, аммо ин воқеиятро мебинанд ва маънои ин ҳузури азими мардумиро мутаваҷҷеҳ мешаванд.