Феврал 22, 2019 16:38 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии ду тими террористӣ дар ғарби Эрон

Вазорати иттилооти Эрон эълом кард: Ду тими террористии вобаста ба гурӯҳи ДИИШ дар устони Курдистон дар ғарби Эрон шиносоӣ ва дастгир шуданд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати иттилооти Эрон дар гузорише эълом кард: 13 нафар аз аъзои вобаста ба гурӯҳаки ДИИШ, ки дар қолаби ду тими террористӣ қасди бомбагузорӣ ва куштори мардум ва террори баъзе руҳониёни аҳли суннати Эронро доштанд, тавассути неруҳои амниятӣ дар устони Курдистон шиносоӣ ва дастгир шуданд.

Бар асоси ин гузориш, бархе аз террористҳо дар хориҷ аз Эрон омӯзиши низомӣ дида ва бо ҳидояти яке аз саркардагони амалиёти низомии гурӯҳаки ДИИШ ба дунболи иқдоми террористӣ буданд.

Ҳамчунин аз ин террористҳо, бомбаҳои идора аз роҳи дур ва аслиҳаву муҳиммот кашф шуд.

 

Барчасп