Сардор Қоонӣ: Амрико алоқаманди музокира бо Эрон аст
(last modified Sat, 23 Feb 2019 09:48:39 GMT )
Феврал 23, 2019 14:48 Asia/Dushanbe
  • Сардор Қоонӣ: Амрико алоқаманди музокира бо Эрон аст

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар авҷи иззат ва иқтидор ва Амрико дар хорӣ ва зиллат қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, сардори сартип Исмоили Қоонӣ, ҷонишини фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳ ҷумъашаб дар Қум,ҷануби Теҳрон афзуд, иззат ва иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гунаест, ки агар яке аз мақомҳои эронӣ эълом кунад, ки қасд дорад бо раисҷумҳури Амрико дидор кунад, Доналд Трамп фавран қабул мекунад, ки ин нишонаи иззати Эрони исломӣ аст.

Сардор Қоонӣ изҳор дошт, имрӯз амрикоиҳо бо он ки худро абарқудрати ҷаҳон медонанд, дар баробари низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дармонда шудаанд ва тавони анҷоми ҳеҷ иқдомеро надоранд.

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд, амрикоиҳо дар баробари муқовимати миллати Эрон дармонда шуда ва мақомоти Амрико ба қудрати Эрон дар минтақа ва ҷаҳон эътироф кардаанд.