Рӯҳонӣ: Бо азми миллати Эрон, убур аз таҳрим мумкин аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42026-Рӯҳонӣ_Бо_азми_миллати_Эрон_убур_аз_таҳрим_мумкин_аст
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Мардуми Эрон қудрати ғалаба бар тамоми мушкилотро доранд ва убур аз таҳримҳо бо азми миллат мумкин аст.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 26, 2019 14:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Бо азми миллати Эрон, убур аз таҳрим мумкин аст

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Мардуми Эрон қудрати ғалаба бар тамоми мушкилотро доранд ва убур аз таҳримҳо бо азми миллат мумкин аст.  

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар Маҷмаи солиёнаи Бонки марказии Эрон, бо баёни инки Амрико тамоми тавони худро барои таҳрими низоми бонкӣ, фурӯши нафт ва соири заминаҳои иқтисодии Эрон ба кор гирифтааст, афзуд: Вазорати хориҷа, вазорати нафт ва Бонки марказии Эрон дар хати муқаддами муқобила бо фишорҳои иқтисодии Амрико истодаанд.

Рӯҳонӣ бо баёни инки қоидатан бояд дар шароити таҳрим тарози тиҷории кишвар матлуб набошад, тасреҳ кард: Тарози тиҷории Эрон дар 11 моҳи гузашта мусбат аст, ба тавре, ки ҷумҳурии исломӣ дар ин муддат 40 миллиард доллар содироти ғайринафтӣ ва 38,5 миллиард доллар воридот доштааст.

Раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки Эрон дар минтақа корҳои бузурге анҷом додааст, афзуд: Бахше аз ин корро Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Вазорати хориҷа ва бахши иқтисодии Эрон анҷом доданд, ки ин нишондиҳандаи иттиҳод байни бахшҳои мухталифи кишвар аст.